Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад кард.
“Дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст, - хабар дод зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода. - Инчунин ҳеҷ кадоме аз овозаҳо дар бораи аз ҷониби табибони тоҷик гирифтани “ҳаққи хизмат” барои муолиҷаи коронавирус тасдиқ нашуд”.
Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти ҳамаи маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби давлат, созмонҳои байнулмилалӣ ва ихтиёриён, ки ба Фониди мубориза бо пандемияи COVID-19 гузаронида мешаванд, зери назорати қатъии ҳукуматдорон қарор доранд.
Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии паҳншавии COVID-19 таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хароҷот ва истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо дар ин самт қатъӣ назорат мекунанд.
Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки қаблан бемории илтиҳоби шушро паси сар намуд, низ овозаҳо дар бораи фурӯши кумаки башардӯстонаи ба кишвар воридмешуда, аз ҷумла маводи тиббиро рад карда буд.
Ёдрас мекунем, ки дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар бораи ба куҷо равона гардидани кумаки башардӯстона маълумоти муфассал дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Селексионерони Тоҷикистон тухмии гандумеро ихтироъ карданд, ки дар як сол ду ҳосил медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2025
Аз Маскав то Вашингтон. Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ба номзади худ ба вакилии парлумон овоз диҳанд?
“Арча”: Асрори муваффақияти бренди мебел аз Хуҷанд
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ICB ва KAZAKHEXPORT
Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро гуногунсамт мекунад, вале коршиносон онро нокофӣ медонанд
Нахустин нуқтаи “Wildberries” дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми март ба кор оғоз мекунад
Дар Тоҷикистон дарозтарин пули машингузар дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад
Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев охири моҳи март дар Хуҷанд вомехӯрад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста