Дар маркази ноҳияи Ишкошим ба маблағи 3 миллиону 152 ҳазор сомонӣ бинои Маркази рушди барвақтии кӯдак сохта шуд.

Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ маркази мазкур аз ҷониби Хадамоти Оғохон оид ба маориф бо маблағи 3 миллиону 152 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад. Марказ бо таҷҳизотҳои лозимӣ таъмин буда, тарҳи меъмории дохили он ба услуби меъмори хонаи бадахшонӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ба фаъолияти сохтмончиёни бинои мазкур баҳои баланд дода, қайд намудааст, ки “бо чунин бинои замонавӣ сатҳи касбияти муаллимон ва донишомӯзии кӯдакон бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад.

1/3

"Инчунин ба кабудизоркунии гирду атрофи бино низ диққати ҷиддӣ равона карда шавад”, - тавсия додааст номбурда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.