Имрӯз, 21 август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷой нишаст боз кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.

Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги “Боми ҷаҳон” армуғони арзишманд номид.

Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент ва паймонкори иншоот ширкати “Бунёд” мебошанд.

Тибқи  лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидаанд, ки барои фаъолияти  назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.