Хабарҳои фейкӣ аз замони пайдоиши одамият вуҷуд доштанд, аммо вобаста ба ташаккули техникаву технология ва гардиши замон суръати паҳншавии онҳо тезтар шуда истодааст.
Муҳаққиқони MIT беш аз 126 ҳазор твитҳои бознашршударо дар Twitter таҳлил карданд, ки дорои хабарҳои ҳақиқӣ ва қалбакӣ буданд. Ин ҳаҷми иттилоотро дар Twitter тақрибан 3 миллион корбар дар тӯли 11 сол нашр кардаанд.
Олимон натиҷаҳои зеринро ба даст оварданд:
Барои то 1500 нафар корбар расидани хабарҳои воқеӣ, назар ба хабарҳои фейкӣ тақрибан шаш маротиба зиёдтар вақт лозим аст;
Хабар фейкӣ назар ба хабарҳои воқеӣ то зинаи даҳуми бознашр 20 маротиба зудтар мерасанд;
Имконияти бознашр шудани хабарҳои фейкӣ нисбат ба хабарҳои воқеӣ 70% зиёдтар аст.
Чаро хабарҳои фейкӣ ин қадар зуд паҳн мешаванд?
Дар оғози тамаддун барои зинда мондан одамонро зароур буд ба ҳама гуна хатар зуд вокуниш нишон диҳанд. Агар касе фарёд мезад, ки душманон ба қабила ҳамла карда истодаанд, аз нобоварӣ дида, бовар кардан беҳтар буд. Аз ин рӯ хабарҳои фейкӣ дар бораи хатар, то имрӯз ҳам зудтар паҳну бознашр мешаванд. Чун барои ҳама муҳим огоҳонидан ва наҷот додани наздиконаш аст.
Инчунин, одамон ба хотири ба назар хос ва беназир намудан фейкҳоро бознашр мекунанд: «Ана, ман ана ин хабарро медонам, ба шумо фош мекунам».
Маълумот ҳар қадар нафратовар ва дахшатнок бошад, мо онро зудтар паҳн мекунем. Агар мо онро ба дигарон нақл кунем, бароямон инқадар ваҳшатнок наменамояд.
Кӣ фейкҳоро бештар паҳн мекунад?
Олимон ба ин савол ҷавоби мушаххасе наёфтанд: ин ба сатҳи маълумот, ҷинс, синну сол ва ё сатҳи даромад вобаста нест. Одамони дорои маълумоти олӣ низ метавонанд ба осонӣ қурбони паёмҳои фейкӣ шаванд ва онро бознашр кунанд.
Масалан, Институти тадқиқоти овозаҳо дар Фаронса таҷрибае гузаронид. Кормандони донишкада хабари фейкиеро паҳн карданд, ки дар таркиби маҳсулоти одӣ низ кансерогенҳо мавҷуданд. Ин хабар дар WhatsApp хеле зуд паҳн шуд. Паҳнкунандагони асосии хабар табибон ва муаллимон буданд, зеро онҳо махсусан бораи кӯдакон нигарон буданд ва дар назди онҳо масъулият доштанд. Яъне ҳатто доштани маълумоти олӣ ба паҳнкунандагони фейкҳо монеъ нашуд.
Чӣ гуна бояд худро ҳифз кард?
Ба эҳсосот ва тарс дода нашавед;
Пас аз гирифтани паём, барои фиристодани иттилоот ба дигарон шитоб накунед, каме ист кунед:
Пеш аз ба дигарон паҳн кардани хабар, онро тавассути сарчашмаҳо санҷед.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста