Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ шурӯъ шуд. Шаш моҳ дарҳои саҳнаи ҳунар аз сабаби пандемияи коронавирус ба тамошобинон баста буданд.

Чӣ гуна дар театр меҳмононро қабул карданд ва чӣ гуна тамошобин намоиши ҳунармандонро пазируфт - навбатдори мо дар шаҳр Абдуллоҳ Ғурбатӣ гузориш медиҳад. Намоиш дар таҳияи Султон Усмонов аз лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти шоири бузург Абулқосим Фирдавсӣ қисса мекунад.