3-юми октябр дар Душанбе Ҷашнвораи намоиши фурӯши асал ва озмуни ангур баргузор мешавад. Қарор аст дар ин ҷашнвора беҳтарин асалпарварро муайян кунанд. Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ дар ин ҷашнвора (фестивал) замбурпаварон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ меоянд.
Ба навиштаи торнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин ҷашновара дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Вазора ҳадафи баргузории ин ҷашнвора ва озмунро “тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан” унвон кардааст.
Бино ба маълумоте, ки Вазорати кишварзӣ пешниҳод кардааст то 30 сентябр соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232146 оилаи занбури асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.
Ин вазорат ҳамчунин тавсия додааст, ки меъёри шабонарўзии истеъмоли асал барои калонсолон 70-75 грамм, барои бачаҳо 30-35 грамм мебошад. “Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, он танҳо ба инсон қувват мебахшад. Онҳое, ки нисбат ба асал ҳассосият (аллергия) доранд, бояд онро аз меъёр кам ва бо омехтаи меваю равғанҳо истеъмол намоянд. Қувватнокии асал бениҳоят баланд буда, 3150 килокалория аст”, -хулоса додааст ин ниҳод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста