Дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, равоншиносони донишгоҳи Гарвард Гордон У. Аллпорт ва Лео Постман дар бораи овозаҳои дар ин давра паҳншуда тадқиқот гузаронданд. Онҳо тавонистанд формулаи математикиеро таҳия кунанд, ки ба муайян кардани шиддати паҳншавии овозаҳо кӯмак мекунад. Онҳо ҳамчунин усулҳои идоракунии овозаҳоро таҳия намуд.
Олимон формуларо бо номи худ "формулаи Олпорт - Постман" номиданд. Формула чунин аст:
i*a = R
Дар куҷо:
i - дараҷаи аҳамияти мавзӯи овоза барои шунаванда ё хонанда;
а - дараҷаи номуайянӣ ё шубҳанокии шунавоӣ;
R - шиддати паҳншавии овоза, давомнокии мавҷудияти он ва дараҷаи эътимод ба овоза.
Дар формулаи Оллпорт-Постман, ҳарду дараҷа - аҳамият ва номуайянӣ - аз 0 то 10 арзиш доранд. Аз ин рӯ, арзиши максималии R 100 (сатҳи баландтарини паҳншавии овоза) мебошад.
Лайфхак
Аз ин ҷо метавон роҳи ҳалли ҷолиби мушкилоти паҳн кардани овозаҳоро пайдо кард. Агар яке аз параметрҳои дар формула нишондодашуда ба сифр баробар шавад, овоза гум мешавад.
Агар шумо хоҳед, ки овозаҳоро "бикушед", пас ба шумо лозим аст:
- аҳамияти онҳоро барои шунаванда кам кунед
- муқобили он иттилооти мушаххас ва возеҳро гузоред то сатҳи номуайянӣ, ки ба овозаҳо хосанд ва барои паҳншавии босуръати онҳо мусоидат мекунанд, паст шаванд.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста