Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» тренинг гузаронида шуд.

Бино ба иттилои ВКД, бо ташаббуси Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳӣ барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳи байналмилалӣ дар мавзӯи «Одоби муошират ҳангоми пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ» бо иштироки тренери дараҷаи байналмилалӣ Саидмурод Давлатов тренинг баргузор гардид.


Гуфта мешавад, ки мутобиқи барномаи тренинг мубоҳисаҳои ҷолиб байни иштирокдорони чорабинӣ доир гардид. Инчунин масъалаҳои гуногуни нигоҳ доштани меъёрҳои байналмилалӣ, расму ойин, расмиёти пешвозгирӣ ва гусели сайёҳони хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани имиҷи кишвар ҳамчун кишвари сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки таасуроти хуб бардоштани ҳар як сайёҳ ба ҷалби сайёҳон ба кишвар мусоидат менамояд.


Бо назардошти таҷрибаи муфиди тренинги мазкур иштирокдорон ба хулосае омаданд, ки доир намудани чунин чорабиниҳо барои кормандони воҳидҳои сохтории фурудгоҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд манфиатбахш мебошад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.