Дар боғи меҳмонхонаи Hotel Serena Dushanbe рӯзи 1 ноябр ярмаркаи «Hello Anor» баргузор шуд.

Дар он маҳсули эҷоди ҳунармандону косибон аз Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз ҷумла, маҳсулоти тамғаи «Buta», маркази ҳунармандиву косибии Creative Development of Tajikistan, галереяи ҳунари Фирӯза Неъматзода, тарроҳи либос Нафиса Имронова, заргар Дилмурод Шарипов ва дигар ҳунармандон пешниҳод шуд.

Мусиқии зинда, минтақаи ҷолиби намориши аксҳо, бозӣ ва машғулиятҳои ҳунарӣ аз ҷониби иштирокчиёни ярмарка табъи тамошобинонро болида гардонид.

1/18

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.