Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 10 ноябр 11 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 58 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 711 нафар ё худ 94,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба зиёда аз 50 млн нафар расид.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори рекордии сироятёфтагон - 581,6 ҳазор нафарро дар як шабонарӯз ба қайд гирифта, аз оғози пандемия беш аз 1,2 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.