Ёздаҳ нафар духтарону бонувони ҳунарманди истаравшанӣ, ки шунавоияшон суст аст, дар коргоҳи дӯзандагии шаҳр кор мекунанд. Шумо суол мекунед, ки инҷо чӣ аҷобат ҳаст? Воқеан,  ин анқариб ягона корхонаест, ки одамони имконияташон маҳдудро бо қаноатмандӣ ба кор қабул мекунанд.

Мактаби зиндагӣ  

Назар ба суханони сардори бахши  истеҳсолӣ Баҳодур Қулиев корхонаи маҳсулоти кешбофии «Ноҳид», ки дар қаламрави вилоят ягона мебошад, 27 сол қабл аз ин таъсис ёфта, бо андак таваққуфҳо то кунун фаъолият дорад. Дар ҳоли ҳозир дар ин ҷо 35 нафар коргар фаъолият доранд, ки 11 нафари онҳо духтарони ношунаво мебошанд.  

- Се  сол пеш аз ин «Ноҳид» бо созмони ҷамъиятии « Бунёди рушди ҷомеа» шартномаеро дар мавриди омода кардани дӯзандагони ҷавон аз ҷумлаи духтарони маҳаллӣ, ки мушкили шунавоӣ доранд, ба имзо расонд, - иброз медорад Баҳодур.- Дар натиҷа 24 нафар духтарон аз маркази Истаравшан ва атрофи он тайи се моҳ ҳунари дӯзандагиро азхуд карданд.  Пас аз хатми давраи омӯзишӣ  духтарон ҳамчун мутахассисони тайёр ба кор пазируфта шуданд.

Дӯзандагии "Ноҳид"
Asia-Plus

Дар муддати ин се сол 13 нафар духтарон ҳамсафарони зиндагии хешро дарёфта, хонавода бунёд карданд.  Бисёре  аз онҳо ҳамроҳ бо шавҳарони худ ба берун аз Тоҷикистон рафтаанд. Баъзе аз онҳо фарзанд таваллуд карда, ҳоло машғули тарбияи онҳоянд.

Улфатой Қулиева ҳамакнун чоряк аср мешавад, ки ҳамчун мураббии ҷавонон фаъолият мекунад. Тайи ин солҳо вай садҳо духтаронро ҳунари дӯзандагӣ омӯзонидааст. Улфатой барои ҳар яки онҳо модари  дуввум ба шумор меравад. Бар иловаи омӯзонидани ҳунар  вай ба духтарон дар интихоби дурусти роҳи зиндагӣ кӯмак менамояд.

- Вақте мо духтарони мушкили шунавоидоштаро ба кор мегирифтем, бисёре аз кормандон бар ин назар буданд, ки онҳо хеле якрав ҳастанд  ва кор кардан бо онҳо мушкил аст, - иброз медорад зан.- Вале таҷриба  нишон дод, ки ин андеша чандон дуруст нест.

 Ҳамаи духтарон босавод буда,  мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони ношунаво ва шунавоияшон сусти деҳаи Хистеварзи ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм кардаанд.

Онҳо забони имову ишораро медонанд, ки имконияти озодона муошират кардан байни ҳамдигар ва дар оянда дар сатҳи лозим тарбият кардани фарзандони худро фароҳам месозад. Гузашта аз ин , ин духтарҳо  метавонанд ба хонадони шавҳарҳои худ дастмузди хешро биёваранд.  Ҳар моҳ дӯзандагон  аз 800 то 1000 сомонӣ маош ба даст меоваранд.

Улфатой ва Баҳодур Қулиевҳо
Asia-Plus

Рухсора

Яке аз ин духтарҳо Рухсораи 20-сола мебошад, ки  меҳрубону дилсӯз аст. Мактаб-парваришгоҳро вай бо баҳои аъло хатм кардааст.

- Рухсора соли саввум аст, ки дар корхонаи мо кор мекунад, - мегӯяд дӯзанда ва тарҷумони забони имову ишора Фарида Ризоева. - Тайи ин солҳо вай худро ҳамчун инсони  сариштакор ва боиффат муаррифӣ кард. Вай дар хонаводаи рӯшанфикрҳо: падараш ҳуқуқдон ва модараш муаллима,  ба дунё омадааст. Ҳоло Рухсора якҷо бо дугонааш Маҳлиё Марқаеваи 19-сола пешсафони корхона ба шумор мераванд.

- Аз Рухсора бипурсед, ки чӣ орзуе дорад?- хоҳиш кардам аз Фарида.

- Вай мисли ҳамаи духтарҳо мехоҳад хонавода, яъне оила  бунёд кунад. Орзу дорад, ки модар шавад ва фарзандонашро тарбият кунанд. Илова бар он,  вай мехоҳад, ки фарзандони ӯ озодона ҳарф бизананд ва аз ҳисси шунавоӣ маҳрум набошанд!

Рухсора табассум кард ва дар рӯяш нуре аз шарму ҳаёи шарқӣ ҳувайдо гардид.    

Русора (аз чап) ва Фарида
Asia-Plus

Назар ба суханони модаркалони  Рухсора-  Сабоҳат Баротова, вақте духтарак дуву ним сол дошт, дар  ӯ мушкили шунавоиро эҳсос  карданд.  

- Мо вайро таъҷилан барои муоина ба Тошканд бурдем, - идома медиҳад модаркалон. -  Пизишкони ӯзбекистонӣ хоҳиш карданд, ки таърихи бемории кӯдакро барояшон пешниҳод намоем. Маълум гардид, ки Рухсора «бо осеби сабук» таваллуд шуда, ки боъиси таҳассури( сахтшавии) хун дар  ноҳияи гӯш ва мағзи сараш  гардидааст. Вале он замон пизишкони маҳаллӣ ба ҳеч чизе мутаваҷҷеҳ нашудаанд.   Дар натиҷаи муолиҷаи минбаъда  эҳсоси шунавоии Рухсора беҳтар шуда, вай тавассути дастгоҳи шунавоӣ ба ҳарфҳои мо аксуламал нишон медодагӣ шуд. Вале бинобар масдуд шудани марзҳои байнидавлатӣ ва мушкилиҳо ҳангоми убури он, мо натавонистем набераи худро комилан шифо бахшем. Солҳо бигзаштанд ва ӯ ҳамакнун одат карда,  то бидуни дастгоҳ ба сар барад. Шояд Рухсора пас аз тавааллуди кӯдаки хеш дастгоҳро ба гӯш мекунад!

   Сабоҳат Баротова тайид медорад, ки панҷ панҷаи наберааш ҳунар аст. Пас аз кор вай барои дӯхтани кӯрпаҳо ва либосҳои миллию аврупоӣ фармоишҳо қабул мекунад.

- Мо умед бар он дорем, ки вай ба ҷавонмарди солим ба шавҳар мебарояд! Зеро вай ба чунин як ҳамсафари зиндагӣ шоиставу арзанда аст, -таъкид медорад Саодат-бибӣ.

Дастгирии мақомот кӯмакест…

Устои коргоҳи дӯзандагии «Ноҳид» Маннон Раҳимов иброз медорад, ки агар мақомоти маҳаллии давлатӣ онҳоро ҷиҳати иштирок дар музоядаҳо ва фурӯши маҳсулот, ки аз пахтаи соф истеҳсол  мешаванд, дастгирӣ мекарданд, корхона метавонист шумори бештари духтарони  имконияташон маҳдудро ба кор ҷалб намояд. Чунин духтарҳо, назар ба суханони ӯ, хеле бисёранд. Гузашта аз ин, дар корхона нерӯ ва имконоти кофии фаннию ашёӣ мавҷуд  аст.

Духтарон маҳсулотро бастабандӣ мекунанд
Asia-Plus

-Мо духтаронро ҳунари дӯзандагӣ омӯзонида, сипас шаҳодатнома доир ба хатми давраи омӯзишии семоҳа медиҳем. Ҳамон лаҳза дар коргоҳи дӯзандагӣ ба кор қабул менамоем,- мегӯяд Маннон Раҳимов. – Бад-ин тартиб, мо мехоҳем саҳми хоксоронаи хешро дар амри фаъолсозии духтарони маҳаллӣ, ки мушкили шунавоӣ доранд, гузорем. Агар чунин духтарон таҳсилкарда ва дорои қобилияти муайян бошанд, онҳо мушкилот ва нобасомониҳои зиндагиро ба осонӣ паси сар мекунанд.

Бояд мутазаккир шуд, ки корхонаи «Ноҳид» яке аз он ангуштшумор корхонаҳои саноатии вилояти Суғд аст, ки духтарони шунавоияшон суст фаъолият доранд. 

Нашри матлаби мазкур бинобар кӯмаки мардуми амрикоӣ, ки тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ( USAID) расонида мешавад, имкон пайдо карда, дар чаҳорчӯбаи «Барномаи осиёимарказии    MediaCAMP”, ки аз ҷониби  Internews  бо дастгирии молии USAID амалӣ мегардад, таҳия шуд. Созмони ҷамъиятии «Рангинкамон» масъули муҳтавои он буда, шарт нест мавқеъи USAID ва ё Ҳукумати ИМА ва ё Internews- ро инъикос намояд.