Муассисаи «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки филми таърихи ҳунариеро бо номи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» ба навор бигирад. Ҳоло барои наворгирии ин филм озмуни сенарияи беҳтарин идома дорад.

Сармуҳаррири «Тоҷикфилм» Назар Назаров ба “Азия-Плюс” гуфт, чанд сол шуд мо наъқша доштем як филми таърихӣ ба навор бигирем.

“Ҳамчунин ин савол, ҳама вақт дар нишасти матбуотӣ дода мешуд, ки кай мо филми таърихӣ месозем. Баъдан дар соли 2020 «Тоҷикфилм» тасмим гирифт як филми таърихӣ дар бораи кишварамон - Тоҷикистон бардошта шавад. Мо аз моҳи январи соли 2020 озмунро элон кардем, аз руй нақша бояд дар моҳи марти соли равон ҷамбаст мекардем, аммо аз сабаби бемории коронавирус ин кор барои баъд гузошта шуд”.

Назар Назаров мегӯяд, ки ният дорем, ки ин озмунро дар моҳи феврали соли 2021 ҷамбаст кунем. То ин муддат чанд сенария пешниҳод карда шуд, то ҷамъбасти озмун мо сенарияҳои беҳтаринро қабул мекунем, гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин масъули “Тоҷикфилм” пас аз ҷамъбаст шудани озмун муайян мешавад, ки барои ин филм чӣ миқдор пул лозим аст. Пул аз ҳисоби будиҷаи давлат, ки барои «Тоҷикфилм» ҷудо шудааст, ихтисос дода мешавад.

Лекин барои ин филм пули калон лозим аст, чунки филми таърихи пули калонро талаб мекунад,- гуфт Назаров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.