Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон аз пойин рафтани ҳарорати ҳаво дар ин ҳафта хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, дар миёнаҳои ҳафта дар тамоми қаламрави кишвар пойин рафтани шиддати гармии ҳаво пешгӯйӣ мешавад.
Имрӯз, 19-уми январ дар бештари манотиқи кишвар интизор меравад борон биборад, дар баъзе манотиқи ВМКБ барф пешгӯйӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар миёнаҳои рӯз 12-13 дараҷа гарм хоҳад буд.
20-уми январ бориш нест, вале то 2-3 дараҷа пойин рафтани ҳаво дар назар аст. 21-уми январ ҳам дар бештари қисматҳои кишвар бориш нест. Ҳаво нимабрӣ хоҳад буд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ 12-17 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 3-8 дараҷа тахмин мешавад.
Дар Хуҷанд дар ин рӯз каме хунуктар - рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар маҷмуъ, дар Суғд ҳаво рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар Хоруғ ҳаво дар миёнаҳои ҳафта хунуктар хоҳад шуд. Рӯзона 0-2 дараҷа хунук мешавад, дар Мурғоб - 15-17 дараҷа зери сифр. Дар вилоят ҳавои тағйирёбанда хоҳад буд. Дар ғарби вилоят аз 0-5 дараҷа хунук то 4-9 дараҷа хунукӣ, дар шарқи вилоят аз 11-16 то 19-24 дараҷа хунукӣ пешбинӣ мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон мисли Душанбе гуфта мешавад, ки рӯзона гармшавии ҳаво то 14-16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо то 11-16 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 9-14 дараҷа гармӣ мешавад.
Аз 22-юми январ хунукиҳо пешбинӣ мешавад, далелаш зиддисиклони сарде гуфта мешавад, ки хунукиву барфро ба кишвар бармегардонад. Дар ин рӯз дар тамоми кишвар барф пешгӯйӣ мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриву вилояти Хатлон борон ба барф табдил меёбад.
Дар Душанбе баъди гармиҳои 14-16-дараҷаи ҳаво то 0-2 дараҷа сардӣ пойин мефарояд. 22-январ дар Хуҷанд барф меборад, рӯзона ҳаво 3-5 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Суғд дар маҷмуъ хунукӣ аз 2-7 дараҷа дар назар аст.
Дар ин рӯз ҳаво дар ВМКБ 6-8 дараҷаи зери сифр ва дар Мурғоб 16-18 гуфта мешавад. Дар ғарби вилоят аз 0-5 то 4-9 дараҷа хунук ва дар шарқ рӯзона аз 11-16 то 19-24 дараҷа сардӣ (дар минтақаи Блункӯл аз 26-28 то 31-33 дараҷа хунукӣ) мешавад.
Дар Бохтар, гармтарин минтақаи кишвар ҳам ҳаво хунук мешавад ва дар дараҷаи -1+1 хоҳад буд. Дар вилоят ҳавои -3+2 гуфта мешавад.
23 январ бориш дар назар нест, аммо ҳаво хеле хунук пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар тамоми кишвар хунук гуфта мешавад, ки нисбат ба аввали ҳафта то 8-10 дараҷа пойинтар хоҳад буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста