Ба мутахассиси қаторӣ 800 сомонӣ, сармутахассис ва мутахассиси пешбар шаҳрдорӣ мутаносибан 1 249 ва 973 сомонӣ маош ваъда мекунад.

Кормандони эҳтимолии шаҳрдории пойтахт бояд собиқаи сесолаи корӣ дошта, забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, таърихи халқи тоҷикро донанд. Инчунин ба арзишҳои миллии Тоҷикистон арҷ гузошта, аз асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ огаҳӣ ва дорои маълумоти олӣ бошанд.

Ҳукумати пойтахт барои  ишғоли мансабҳои холии сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассисони қаторӣ дар як қатор раёсату шуъбаҳои шаҳрдорӣ озмун эълон кард.

Бо шартҳои озмун ва талабот барои иштирокчииёни имконпазири он дар сомонаи шаҳдорӣ шинос шудан мумкин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.