Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои наздик гармшавии обуҳаво дар назар буда, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дар дарёи оби Хингов баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон хотирррасон менамояд, ки хеле эҳтиёткор бошанд, чорвочарониҳоро дар доманакӯҳҳо маҳдуд намоянд, кӯдаконро ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии гулҳои аввалбаҳорӣ нафиристанд, моҳидорӣ нараванд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарии роҳро риоя намоянд.
“Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бо истифода аз фурсати муносиб селроҳаҳоро аз хасу чӯбу сангу хок тоза кунанд, каналҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо пок созанд”, - тавсия дода мешавад дар огоҳии Кумита.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ то поёни ҳафта обуҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона - 15-17 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои истироҳат рӯзона гармшавии ҳаво то 22-24 дараҷа пешгӯйӣ мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд то охири ҳафта обуҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас пешбинӣ гардида, ҳаво шабона 4-8 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои истироҳат рӯзона то 16-18 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон то поёни ҳафта ҳавои абрноки тағйирёбандаи аксаран бебориш пешгӯйӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-23, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи якшанбе дар қаламрави вилоят борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, ҳарорат то 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ то охири ҳафта обуҳавои тағйирёбандаи аксаран бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона аз 1-6 то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 то 2-5 дараҷа гарм; дар шарқи ВМКБ шабона аз 10-15 то 18-23 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи якшанбе дар вилоят ҳавои абрнок ва баъзан боридани барф пешбинӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.