Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки фикру мулоҳизаҳои худро бобати 2 ниҳоди давлатӣ ва 3 мактаби олии ҷумҳурӣ баён намоянд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ Агентӣ дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, аҳли ҷомеа ба изҳори фикуру мулоҳиза дар бораи масоили шаффофияти ниҳоду макотиби олии дар боло зикршуда, фаъолияти онҳо дар мавриди муроҷиати шаҳрвандон, ҷараёни кори сомонаи расмии онҳо даъват карда мешаванд.

Санҷиши фаъолияти онҳо дар доираи татбиқи нақшаи кории Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Шаҳрвандон фикру мулоҳизаҳои ва пешниҳодҳои худро оид ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва макотиби олӣ тариқи почтаи [email protected] фиристода метавонанд.

Солҳои пешин Агентии зиддифасод санҷиши “хавфҳои коррупсионӣ”-ро дар Вазоратҳои молия, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, шуғли аҳолӣ, маорифу илм, ВКД, Кумитаи амволи давлатӣ, Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, телевизиону радио, меъморӣ ва сохтмон, дин ва танзими ҷашну маросиҳо гузаронида буд.

Лекин натиҷаҳои ин санҷишҳо то ҳол ба маърази ом гузошта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.