Мо одат кардаем ба маълумоте, ки таҳти бренди нашрияи калон ба чоп мерасад, бо эътибори қавӣ ва бо эътимоди зиёд муносибат кунем. Баробари хондани хабару маводи чунин нашрияҳо, мо ғоибона бовар мекунем, ки онҳо чанд марҳилаи тафтишотиро гузаштаанд ва асоси воқеъӣ доранд.
Вале ин на ҳама вақт чуни наст. Ҳоло 3 ҳолати пурсарусадои ошкор шудани дуруғи рӯзноманигору муалифонеро мисол меорем, ик солҳо каҳрамони мақолаҳои худро хаёлбофӣ мекарданд ё ба мутахассисони қалбакӣ (фейкӣ) муроҷиат мекарданд.
1. Қаҳрамононони қалбакӣ
Охирҳои соли 2018 рӯзномаи олмонии “Der Spiegel” муалифи доимии худ Клаас Релотиусро (Claas Relotius) бо сабаби навиштани мақолаҳои зиёди сохта аз кор пеш кард. Маълум шуд, ки рӯзноманигори машҳур, дорандаи ҷоизаҳои бисёр гузоришҳоро дар асоси мусоҳибаҳои набуда навишта, далелҳо, ҳикояҳо ва ҳатто қаҳрамонҳоро аз худаш мебофт. Ин қазияро тақаллуби эҳтимолии аср дар расонаҳо номиданд, аммо пас аз ин ҳодиса чунин ифшогариҳо бештар пайдо шуданд. Ҳамин ки ин нашрия қаллобии кормандашро ошкор кард, “Der Spiegel” дар бораи чӣ гуна дурӯғи муаллифро ифшо кардан мақолаи васеъро бо номи "Мо ба худ саволҳои зиёд дорем» ба чоп расонд.
2. Коршиносони қалбакӣ
Миёнаҳои моҳи октябр телеграм-канали «Белорусский порядок» рӯзноманигори беларус Денис Лавникевичро, ки бо тахаллусҳои гуногун дар баъзе аз расонаҳои Беларус, Россия ва Украина мақола нашр мекард, ба он муттаҳам кард, ки гӯё дар мақолаҳои худ ақидаи коршиносони бофтаро истифода кардааст. Пас аз ин қисми бештари нашрияҳо, ки бо Лавникевич ҳамкорӣ доштанд ба таҳқиқ ва поксозии маводҳои навиштаи муаллиф шурӯъ карданд. Лавникевич ба нашрияи беларусии «Наша Нива» тавзеҳ дод, ки коршиносони ӯ воқеӣ ҳастанд, танҳо "Антон Платов" бо тахаллус шарҳ медиҳад, зеро ӯ "шахси донишмандест, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекунад". Ва "сиёсатшинос" -и дигар Светлана Гречулина шахси воқеие буд, ки замоне аз ҳуқуқи кӯдакон дифоъ мекард ва сипас бознишаста шуда, ба Лавникевич иҷозат дод, ки номашро истифода кунад. Дар ин сурат Лавникевич шарҳҳои "сиёсатшинос" - ро аз номи ӯ ихтироъ кардааст.
3. Ҳикояҳои қалбакӣ
Аввалҳои октябри соли 2020 рӯзноманигори The New York Times оид ба масъалаи экстремизм Рукмини Каллимаки (Rukmini Callimachi) зери танқиди шадид қарор гирифт вақте саргузашти яке аз қаҳрамонҳои маколаяшро зери шубҳа гузоштанд. Каллимакиро хабарнигори шинохтаи рӯйдодҳо ва инъикоскунандаи натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ меноманд. Яке аз лоиҳаҳои овозадори ӯ подкаст иборат аз 10 қисм буд, ки дар он сокини Канада Абу Хузаифа дар хусуси шомилшавиаш ба гурӯҳҳи террористӣ, иқомат дар Сурия, омӯзиши қатли одамон ва баргашташ суҳбат мекунад. Каллимаки қаҳрамонашро тариқи Инстаграм пайдо кард, вале пас аз ду сол мақомоти Канада Абу Хузаифаро бо ҷурми «фиребгариҳои террористӣ» дастгир кард. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки Абу Хузаифа боре ҳам ба Сурия сафар накардааст ва дар қатли одамон низ даст надорад ва таҷрибаи ӯ дар ин масъала танҳо тахайюлӣ асту бас.
Маводи “The Guardian” дар бораи Класс Релотиус:
https://bit.ly/2TLCd9t
Маводи “Медуза” дар бораи Денис Лавникевич:
https://bit.ly/3mPIkpQ
Маводи “New Republic” дар бораи Рукмини Каллимаки:
https://bit.ly/34TrXSE
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар фурудгоҳ даъват мекунад. Маош чӣ қадар аст ва талабот чист?
Арабистони Саудӣ ба ҳазор кӯдаки ятим дар Тоҷикистон ҳар моҳ $100 кӯмак мекунад
Маҷлиси миллӣ тасвиб ва президент имзо кард. Ҳамакнун барои дуздии барқ то 10 сол зиндонӣ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста