Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як паёми тарикотии наврӯзии бепешина, ки дар маконҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Қалъаи Ҳисор навор бардошта шудааст, Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми форсзабонон табрик гуфтааст ва таъкид карджааст, ки аз он бояд ба унвони яке "аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард".
Муҳаммадтақӣ Собирӣ Наврӯзро яке "аз куҳантарин суннатҳои таърихии муштарак"-и Тоҷикистону Эрон ва мардумони форсзабон дониста, гуфтааст, ки паёми он сулҳ, ҳамзистӣ ва ҳамдилӣ аст, ки ниёгони мо онро ба унвони ид ва оғози соли нав интихоб карданд.
Сафири Эрон зимни табрики Наврӯзи бостонӣ "ба ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони Тоҷикистон ва ба ҳамаи мардумоне, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд" гуфтааст, ки "дар рӯзгоре, ки бархе ба думболи шӯълавар кардани оташи ихтилоф, ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст, ки рамзи тавҳидро ёдовар мешавад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад, то биандешанд ба неъматҳое, ки аз ҷониби худованди якто бар суфраи зиндагӣ доранд ва бидонанд, "ки дар офариниш зи як гавҳаранд".
Ба иқрори ҷаноби Собирӣ эҳтимому пешгомии ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон ва ҳамроҳии соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои сабти он дар маҷомеъи байналамллӣ, нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан мебошад, ки мардумони ин кишварҳо рӯзгорони гузашта дар канори ҳам, нигаҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд.
"Хушбахтона иқдомоти хубе дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муаррифии "Наврӯз" шудааст, вале боз ҳам ҷои эҳтимому талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии ниёгонамон вуҷуд дорад. Боястӣ аз зарфияти Наврӯз ба унвони як амали умдаи ваҳдату таваҷҷуҳ додан ба аҳамияти ин ҷашни куҳан ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳар чӣ наздиктар шудани ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард".
Густараи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ қидмати чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгароии минтақавӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломатияи фарҳангӣ омиле муҳим барои ин ҳамгароист чаро, ки ҷашни Наврӯз бо унвони "Дипломатияи Наврӯз" метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд,-гуфтааст дар поёни табрикоти наврӯзии худ Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста