Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи 5-солаи тоҷик, ки дар Русия бар асари як ҳодисаи фоиавӣ кушта шуд ва гумонбар ба қатли ӯ 9 – апрел, тақрибан баъди се сол аз беморхона раҳо ва ба боздоштгоҳ фисристода шуд, аз  вазири тандурусти Точикистон Ҷамолддин Абдуллозода ва  раиси шаҳри Кӯлоб Абдукодир Вализода дархости ба фарзанди 5-солаи дигари маъюбаш ёрӣ кардааст. 

Худи Саидов ба “Азия-Плюс” гуфт, вазъи зиндагии хонаводаашон душвор буда, бо ҳамин сабаб онҳо имкон надоранд сари вақт фарзандашонро табобат кунанд.

Ӯ мегӯяд, «ҳоло фарзанди маъюбам ба табобат эҳтиёҷ дорад, вале бо сабабҳои маълум наметавонад табобати худро сари вақт бигирад. Ҳамсарам ҳам ҷойе кор намекунад  ва ман дар Русия ҳастаму ҳоло даромади кор дар ин ҷо барои ҳама маълум аст. Ва эҳтиёҷ ба дастигирии мардум ва аз ҷумла Ҳукумати Тоҷикитон дорам».

Ҳамзамон Ширин Ибронова, ҳуқуқшинос ва роҳбари саҳифаи гуруҳи «Ҳуқуқи инсон» дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук муроҷиати дархости кӯмаки Абдусалом Саидовро нашр кардааст. 

Ширин Ибронова менавсиад, ки падари Ҳувайдо тариқи занги телефони аз ӯ дархст намудааст, ки муроҷтаи ӯро ба вазири тандурустии Тоҷикитон ва раиси шаҳри Кӯлоб бирасонад.

«Абдусалом Саидов ба воситаи телефон аз ман хоҳиш карданд, ки муроҷиати онҳоро ба шумо расонам. Ба ҳамагон маьлум аст, ки падари Ҳувайдои раҳматӣ тӯли қариб се сол мешавад барои ҷазо гирифтани қотили духтараш  дар Руссия қарор дорад. Шароиташ дар Руссия вазнин аст, яъне имконияти таьмини оилаи худро надорад».

Дар муроҷиатнома навишта шудааст, ки фарзанди дигари Саидов - Фархундаи Тиллозода соли таввалудаш 31.03.2016 маьюб буда, ба далели надоштани имконоти иқтисодӣ, наметавонанд ӯро табобат кунанд. Ва Саидов аз вазири тандурустӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб хоҳиш дорад, ки фарзандашро дар ягон беморхона бо табобат фаро бигиранд ва агар имкон бошад барои шифо ёфтанаш ба хориҷ бифиристанд.

«Духтурони шаҳри Маскав тавсия додаанд, ки агар беморӣ табобати ҳаматарафа ва саривақтӣ гирад, шифо ефтанаш мумкин. Ҳозир бемор дар Кӯлоб мебошад ва рӯз то рӯз саломатиаш бад шудаистодааст. Бинобар ин аз вазир хоҳиш дорад, ки имконият бошад духтари маьюбашро дар ягон беморхонаи хуб табобат кунанд ё бо мусоидати вазир ба ягон давлати хориҷа фиристонанд».

Фархунда Тиллозода

Ҳамзамон Ширин Ибронова дар муроҷиатнома аз номи Абдусалом Саидов навиштааст, ки аз ӯ аз раиси шаҳри Кӯлоб  хоҳиш дорад, ки ба оилаи онҳо кӯмаки молӣ расонанд, чун вазъи зиндагияшон хеле вазнин аст.

Ҳамзамон ин хонавода дар моҳои шарифи Рамазон аз шахсони дигаре, ки имкон доранд хостори ёрӣ шудааст.

Нафароне, ки мехоҳанд ба оилаи Саидовҳо кӯмак намоянд, метавонанд ба рақами телефони +79686609033 Абдусалом Саидов тамос бигиранд. Рақами кортро метавонед аз ин видео пайдо намоед, ки қаблан гузошта шуда буд. Ҳамзамон хайрхоҳоне, ки мехоҳанд ба ҳамсари Саидов, ки айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб қарор доранд ёрӣ бирасонанд,  ба ин рақам 900319200 (рақами модари бемор) ё ба идораи «Азия-Плюс» тамос бигиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.