Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо президенти Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Русия Сергей Катирин дидору гуфтушунид кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуда, инчунин атрофи масоили таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар табодули назар карданд, хабар медиҳад намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия.

Сатторов ва Катирин баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳи соҳавии муштаракро зарур донистанд, то ки дар онҳо соҳибкорони кишварҳо ба табодули назар ва таҷриба имкон дошта бошанд.


Дар вохӯрӣ ба сафир намояндаи фахрии таъиншудаи ПСС Русия дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Иҷрои ин вазифа ба уҳдаи соҳибкор Бобоҷон Шарифов вогузор шуда, 14 апрел ба ӯ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин мақом супурда шуд.

Сергей Катирин доир ба рушди робитаҳо миёни сохторҳои тиҷоратӣ, инчунин байни ПСС Русия ва Тоҷикистон (то имрӯз байни палатаҳои минтақавии кишварҳо беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст) изҳори назар кард.

Тавре дафтари матбуоти ПСС Русия иттилоъ медиҳад, ба ақидаи ӯ, дар ин росто имкони афзоиши сатҳи гардиши мол байни кишварҳо, иштирок дар масоили сармоягузорӣ, ҳалли баъзе масоили гуманитарӣ ва бахши муҳоҷират вуҷуд дорад.

1/3

Сергей Катирин иштироки бештар фаъолонаи тиҷорати Тоҷикистонро дар чорабиниҳои марбут ба намоишгоҳҳои соҳавӣ дар Русия таъкид сохта, зикр кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи кишварҳо бояд бештар аз ин гуна чорабиниҳо дар ҳар ду кишвар огаҳӣ дошта бошанд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки ҳозир Русия ба қувваи корӣ шадидан ниёз дорад, лекин дар навбати аввал, ба кадрҳои ҳирфаӣ.

“Муҳоҷирон набояд таваккалӣ оянд, ба кӯшишҳои баъзе ширкатҳо ҷиҳати истифодаи муҳоҷирон ба манфиатҳои худ муқовимат мебояд. Муҳоҷирони омадаро забони русӣ омӯхтаву ба мутобиқ гардиданашон кумак кардан лозим аст, то ки ба ҳар ду ҷониб манфиатовар бошад. Умуман, дуруст мебуд, агар кадрҳо бевосита дар Тоҷикистон тайёр шуда, кормандон бо имкони доштани шароити хуби будубош ва маоши шоиста ба Русия оянд”, - гуфтааст Катирин.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.