Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз майдони сохтмони “Мактаби Оксфорд” дар маркази маъмурии вилоят боздид намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, сохтмони ин мактаб бо саҳмгузории соҳибкори муваффақи ватанӣ Саидмурод Давлатов дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида истода, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад ва алҳол дар сохтмони мазкур наздики 70 нафар бинокорон бомаром фаъолият доранд.
Интизор меравад, ки иншооти муҳими таълимӣ дар арафаи ҷашни бузурги 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии чумҳур дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
“Дар муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” 450 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешавад, - омадааст дар хабар. - Муассиси мактаб тасмим гирифтааст, ки дар ин маҳзани таълимӣ усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ намояд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муассиси иншоот дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша роҳандозӣ гардида, босифат ба анҷом расонида шавад ва ба корҳои ободонии ҳудуди муассиса мароқ зоҳир гардад.
Зимнан зикр мегардад, ки Донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷи Британияи Кабир аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам ба ҳисоб мераванд ва таҳсил дар чунин муассисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ орзуи ҳар як наврасу ҷавон мебошад. Аммо барои дохил шудан ба ин гуна донишгоҳҳо омодагии амиқу ҳамаҷонибаи довталабон зарур аст ва на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ҷавобгӯи талаботи онҳо бошанд.
Солҳои охир дар мамлакат намояндагии донишгоҳу коллеҷ ва макотиби зикршуда таъсис гардида, дар заминаи онҳо ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои шомил шудан ба зинаи таҳсилоти олии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё омода шуда истодаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.