“Шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд”, - хабар дод имрӯз, 21 апрел сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили муҳоҷират дар Душанбе.
Ӯ ба шаҳрвандони муқими Русия ва хешовандони онҳо муроҷиат карда, изҳор намуд, ки аз имкони мазкур истифода баранд ва ба воҳидҳои масоили муҳоҷират дар Русия муроҷиат карда, худро ба қайди муҳоҷират гузоранд ва барои фаъолияти корӣ иҷозатнома гиранд.
“Бори дигар такрор мекунам, ки дар фармоиши №635-и ҳукумат саҳеҳан зикр шудааст, ки пас аз ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ 90 шабонарӯз муҳлат ҳаст, яъне аз 1 апрел то 30 июн. То 15 июн амри президенти Русия амал мекунад, лекин дар фармоиши ҳукумат механизми он нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, то 30 июн ҳоло вақт ҳаст ва мо ҳамроҳи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кардем. Аз рӯйи ҳамаи масоили мушкили марбут ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо онҳо дар қаламрави Русия дучор мешаванд, мо дақиқан ҳамкорӣ мекунем. Ҳар як муроҷиати шахсиро баррасӣ хоҳем кард”, - иброз дошт Казакова.
Ба доми миёнаравон наафтед
Казакова таъкид дошт, ки бо муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, ки ӯ ҳам дар нишасти хабарӣ ҳузур дошт, мудом дар тамос буда, талош меварзанд мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар ва саривақт ҳаллу фасл кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи шахсоне, ки беш аз 90 шабонарӯз дар Русия қарор доранд, барои ба сохторҳои дахлдор муроҷиат кардан ҷиҳати қонунӣ гардонидани ҳузури худ ҳуқуқ доранд. Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки шаҳрвандон аз истифодаи хидмати миёнаравон худдорӣ кунанд.
“Таваҷҷуҳатонро ба ин масъала бештар ҷалб карданиам ва дархости зиёд дорам, ки ба доми миёнаравон наафтед. Мутаассифона, одамон ба миёнаравон муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегиранд, ки минбаъд ба онҳо оқибатҳои ногувор пеш меорад. Бинобар ин, танҳо ба воҳидҳои расмии масоили муҳоҷират муроҷиат кардан лозим аст”, - гуфт Казакова.
Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз намояндагони кишварҳои ИДМ талаб кард, ки дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии дар Русия ҳузурдошта чора андешанд, то ки кор то ба ихроҷ кардани онҳо нарасад.
Он замон ӯ шарҳ дода буд, ки барои риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар ин самт муҳоҷирони ғайриқонунӣ муҷозот намешаванд.
Тибқи маълумоти ВКД, айни замон 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, зиёда аз 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон, беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, инчунин 152 ҳазор шаҳрванди Украина ғайрирасмӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2024
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста