Соҳибкорони бурунмарзии ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба хонаводаҳои қурбониён ва хисоротдидаи даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел 1 миллиону 700 ҳазор рубл ва як соҳибкори дигар ба таври ҷудогона 510 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол кардаанд.
Умдатан инҳо соҳибкороне будаанд, ки дар шаҳрҳои Русия бо тиҷорат машғуланд.
Зубайдулло Шомадов, масъули дафтари матбуоти шаҳрдори Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт ин соҳибкорон дар замони хуруҷи коронавирус низ 1,5 миллион сомонӣ маблағ барои харидорӣ, овардани доруворию таҷҳизоти тиббӣ, таъмири беморхонаи деҳа, сохтмони ҳаммом, ҳоҷатхона ва ҷомашуихона фиристода буданд. Ӯ гуфт баъди даргириҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел, ки даҳҳо қурбониву захмӣ бар ҷой гузошт соҳибкорони ворухӣ гуфтаанд хонаводаи онҳоро дар Исфараву Хатлон ва дигар манотиқи кишвар, ки ҷони худро дар ҳифзи марзи Чоркӯҳу Ворух аз даст доданд ё захмӣ шуданд танҳо намегузоранд.
“Соҳибкорони Ворух аз шаҳрҳои Русия ба 14 хонавода, ки аз ин 10-хонавода дар даргириҳои ахири моҳи апрел пайвандонашон қурбон шуданд ва 4 хонавода, ки наздиконашон дар солҳои пеш кушта шуда буданд 100 ҳазор рубли русӣ, ба 9 хонаводаи захмишудаҳо шуда аз 20 то 50 ҳазор рубли русӣ кӯмаки молӣ фиристоданд, ки мо онро супоридем”-
Ба гуфтиаи ӯ инчунин рӯзе пеш, 6-уми май як соҳибкори Ворух аз Русия ба 19 хонаводаи қурбониёни муноқишаи марзӣ, ки аз Чоркӯҳу Ворух, Хатлон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон буданд 510 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ интиқол додааст.
“Аз ин маблағ ба хонаводаи ҳар 19 нафар қурбонӣ 15 ҳазор сомонӣ, ба 33 хонаводаи захмишудаҳо 5 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 6 нафар, ки дар ҳолати вазнини захмиву бистарӣ ҳастанд 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкор Сорбон Савриддинов фиристода шудааст”.
Чанд рӯз пештар низ Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар хонаводаи қурбониёни даргириҳои марзӣ 70 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида буд ва ба 87 захмии ин даргириҳо аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ ёрии моли расонида шудааст.
Бино ба маълумоти расмие, ки дафтари мартбуоти раиси вилояти Суғд дар як хабарномаи расмӣ нашр карад шумори кушташудаҳои Тоҷикистон дар даргириҳои марзӣ 19 нафар ва шумори захмиҳо 87 нафар аст.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста