Маркази милии тестӣ соли дувум аст барои довталабоне, ки бо холҳои аз ҳама зиёд диншҷӯйи донишгоҳҳои кишвар шудаанд, туҳфа месупорад. Имсол ба “даҳгонаи беҳтарин”-и имтиҳонҳои дохилшавӣ 14 нафар шомил шуданд, ки аксари онҳо духтаронанд.
Имсол дар дар маҷмуъ, дар ду бахш 34 донишҷӯй сазовори туҳфаҳои Маркази милии тестӣ шуданд.
Ин навбат чорабинии мазкур дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Ибни Сино баргузор шуд. Қисми зиёди донишҷӯёни “Даҳгонаи беҳтарин” муҳассили имрӯзаи ҳамин даргоҳ буданд. Мақсади баргузории чунин як чорабинӣ таҳрик додани довталабон ё худ донишҷӯшавандаҳо ба донишомӯзист.
Ба даҳгонаи беҳтарин ва тамоми нафароне, ки балҳои зиёдро соҳиб шуданд, планшет, китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, сертификат барои хариди ашёҳои хониш аз ширкати “Сиёма” ва симкортҳои нуқрагин аз ширкати Tcell туҳфа карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста