Салимшо Ҳалимшо шоир ва донишманди саршиноси тоҷик дар синни 85-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт дар шаҳри Душанбе даргузашт. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон хабар дод.
Салимшо Ҳалимшо солҳои ахир бар асари беморӣ ва пиронсолӣ хонанишин буд. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи ӯ имрӯз, соати ати 16.00 дар назди хонааш, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 10 (пушти бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ) баргузор мегардад.
Салимшо Ҳалимшо аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ дар адабиёти муосири тоҷик бештар бо навиштани достонҳои таърихӣ маъруф буд ва яке аз донишмандоне дониста мешуд, ки дар мавриди Авасто ва дигар осори атиқии халқи тоҷик навиштаҳои зиёде дошт.
Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шуда, фориғуттаҳсили риштаи забону адабиёти факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1960 буд.
Ӯ солҳои зиёде ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960-1981), мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1982-1989), муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайванд» (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Шоир нимаи дувуми солҳои 60-уми асри гузашта вориди майдони адабиёт гардида, бо нахустин маҷмӯаҳои ашъораш «Роҳи қуллаҳо» ва «Киштии Инқилоб» мебошанд.
Ба навиштаи торнамои Иттиҳодияи нависандагон "ашъори дар маҷмӯаҳои «Имзои Ленин» (1975), «Оинаи виҷдон» (1983), «Бурҷи Инсон» (1986), «Ҳафт хони Бадахшон» (1989), «Хонаи Офтоб» (2003), «Оби шаҳд» (2003), «Зодагони ҳафт тӯфон» (2006) интишорёфта, драмаи «Кабутарони сафед» ва ғайра шоир лавҳаю лаҳзаҳои рангинро аз озодманишиву некандешӣ, меҳанпарастию башардӯстӣ, давлатсолорию ватандорӣ, покизарӯзгорию ҷавонмардии ниёконамон ҷилвагар месозанд ва хонандаро аз ҳиммати баланду таҷрибаи рӯзгори шарафманди эшон бархурдору баҳрабардор менамояд".
Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ гардондааст.
Барои корҳои адабиёш унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва ордени «Дӯстӣ»-ро соҳиб шуда бу.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Аз Театри миллӣ то чанд вазоратхона. Миллионҳо сомонии иловагии ҳукумат барои идомаи сохтмони чанд иншооти ҳукуматӣ
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар марказҳои савдои Душанбе дар робита ба либоси бегона
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2025
Тарҳи “Зистан мехоҳам”: 931 зодаи Тоҷикистон дар ҳайати артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста