Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пасманзари таъйиди расмии вуҷуди дигарбораи коронавирус дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир масҷидҳо баста ва намозгузорӣ манъ намешавад. Ба гуфтаи Кумитаи дин ин салоҳияти Ситоди ҷумҳурявии мубориза бо паҳншавии коронавирус аст.
Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ин дар салоҳияти Ситод аст ва агар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кунаду Ситод натиҷагирӣ кунад, он гоҳе дастуре содир мешавад. То ҳол на аз Вазорати тандурустӣ ва на аз Ситод чизе нагуфтаанд".
Соли гузашта дар пасманзари пайдо шудани коронавирус дар дунё дар Тоҷикистон дар моҳи март намозгузорӣ дар масҷидҳо манъ шуд, вале баъдтар дубора иҷоза доданд. Аммо баъди расман эътироф шудани вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон то 1-уми феврали соли 2021, наздик ба 10 моҳ дари масҷидҳо баста буд.
Мақомоти Тоҷикистон аз 1-уми феврали имсол бо риояи шадиди қоидаҳои беҳдоштӣ ба намозгузорӣ дар масоҷид дубора иҷоза доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста