Фавворае, ки дар тарафи рости чойхонаи маъруфи “Роҳат” дар Душанбе воқеъ буд, тахриб шуд. Ба гуфтаи намояндагони шаҳрдории пойтахт, тахриби фаввора тибқи нақша сурат гирифтааст.
“Ин моҳ ҳамчунин қисмати чапи собиқ бинои ҳукумат, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият дорад, низ тахриб мешавад”, - гуфтанд дар ҳукумати пойтахт.
Зикр гардид, ки дар ин ҷо боғе сохта хоҳад шуд, ки ба бинои ҳукумати ҷумҳурӣ пайваст мешавад.
Ёдрас мекунем, ки фаввораҳо як қисмате аз гулгашт буданд ва дар ин мавзеъ инчунин кинотеатри тобистонаи замоне маъруф ҷойгир буд.
Тахриби собиқ бинои ҳукумат ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардид. Тибқи нақшаи нави генералии пойтахт, дар ин ҷо бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ қомат меафрозад.
Ҳарчанд намояндагони ҷомеа хеле зиёд барои нигаҳдории бинои ҳукумат ва кинотеатри тобистона талош варзида бошанд ҳам, дар ниҳояти кор ҳар ду бино тахриб шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.