Қурбонбӣ Раҳмонова, хоҳари президенти Тоҷикикстон Эмомалӣ Раҳмон, шоми 20-уми июл, дар синни 64-солагӣ даргузашт. Ӯ чанд рӯзи ахир дар беморхонаи клиникии шаҳрии № 5, мавсум ба "Медгородок" аз бемории коронавирус табобат мешуд.
Хабари дигргузашти Қурбонбӣ Раҳмоноваро дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳам нашр карда ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин росто ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад".
Маросими намози ҷанозаи марҳум, имрӯз дар Данғара баргузор мешавад.
Дар 20 рӯзи ахир ин дувумин шахси наздик ба Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз бемории коронавирус вафот мекунад. 5-уми июл хушдомани президенти Тоҷикистон, Ӯзбекбӣ Асадуллоева низ дар синни 88-солагӣ аз бемории монанд ба коронавирус даргузашта буд.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмуъмин Сафаров, раиси корхонаи давлатии "Ҷангал ва шикор" буд, ки моҳи июни соли 2012 дар назди хонааш кушта шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста