Парвиз Турсунзода, писари хурдии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, рӯзи 31-уми июл дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора яке аз дӯстонаш Олим Қурбонов дар шабакаи Фейсбук хабар дод. 

Дар бораи сабабҳои марги Парвиз Турсунзода то кунун, расман чизе гуфта нашудааст.

Олим Қурбонов бо таассуф навиштааст, ки "ӯ чанд рӯз пештар бароям навишта буд, ки "Олимҷони азиз! Маро фаромӯш накун". Ман аз куҷо медонистам, ки ӯ бо ман видоъ мекунад. Ба суолҳову нигарониҳои ман посух надод. Тасмими гирифтам, ки вохӯрӣ кунем, аммо дер кардам".

Парвиз Турсунзода, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор карда буд. Баъди бозгашт аз Ироқ дар чандин нашриёти Душанбе кор кард.

Баъдан дар идораи "Тоҷикфилм" тарҷумон буд ва филмҳои зиёди хориҷиро тарҷума карда буд. Пас аз он корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шуд ва солҳои ахир дар ширкати «Вавилон-Мобайл» кор мекард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.