Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 4 август зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон хабар дод, ки вояи дуюми ваксинаи зидди коронавирусро гирифтааст.

Ба гуфтаи вазир, ӯ аз ду таркиби ваксинаи навъи русиягии «Спутника V» эм карда шудааст.

"То имрӯз тақрибан 60% ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди сирояти коронавирус эм карда шуда, то 10 август ҳамаи кормандони милитсияи Тоҷикистон ваксина хоҳанд гирифт мешаванд", - изҳор дошт вазир.

Рамазон Раҳимзода мушаххасан зикр накард, ки кормандони милитсияи тоҷик кадом навъи ваксинаҳоро гирифтаанд.

Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, то ба ҳол ба кишвар се намуди ваксина: “Астразенека”-и аврупоӣ (бритониёӣ), “Коронавак”-и чинӣ ва “Модерна”-амрикоӣ ворид шудааст.

Ҳамчунин мувофиқи баъзе маълумоти ғайрирасмӣ, ба беморхонаи ҳукуматии кишвар 3 ҳазор воя воксинаи «Спутник V» оварда шудааст, ки аъзои ҳукумати кишварро аз ин ваксин задаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.