Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, дар як номаи боз дар саҳфаи фейсбукияш, аз роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Озода Раҳмон пурсон шудааст, ки чаро бори сеюм аст, ки ба ӯ унвони “Нависанда (Шоир)-и халқии Тоҷикистон” намедиҳанд.
Ӯ, ки ин номаи худро субҳи имрӯз, 19 август дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” гузоштааст, аз Озода Раҳмон сабаб ё сабабҳои бори сеюм аз руйхати унвонгирандагон хат задани номи ӯ дар дастгоҳи иҷроия Президентро пурсидааст.
Ӯ гуфтааст, ки Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро аз соли 2013 инҷониб се маротиба ба унвони Нависандаи (Шоири) халқии Тоҷикистон лоиқ дониста, асноди лозимро пешниҳод намудааст, аммо, ҳар се бор қарори раёсат ба назар гирифта нашудааст.
- Ҳар се маротиба ҳам аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бидуни раъйи худам, бо тасмими дастҷамъии худ, чунин қарорҳоро бароварда, аз мақомоти болоӣ хоҳиш намудаанд, ки онҳоро дастгирӣ намоянд,-даъво мекунад Мирхоҷа.
Номбурда иқрор мешавад, ки ду бори аввал аз баҳри даъво гузаштааст, аммо ин бор фаҳмидан мехоҳад, ки сабаби аз чашми Озода Раҳмон дур афтодани ӯ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар чист?
Ато гуфтааст, андешае ӯро азоб медиҳад, ки “дар назди Ҳукумат муртакиби чӣ гуноҳи кабирае шудаам, ки маро сазовори унвону мукофот намебинад”.
Ҳол он ки ба андешааш, ӯ “дар муддати 30 соли истиқлолият барои адабиёт ва Ватани азизам аз тамоми ашхосе, ки ба ин унвон соҳиб гардидаанд, агар зиёдтар не, камтар хидмат накардаам”.
Вай дар охир ба хотири рафъи гумону суйитафоҳумҳо дар байни аъзои раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дӯстону ихлосмандони эҷодиёташ аз Озода Раҳмон хоҳиш намудааст, ки номаашро бепосух нагузоранд ва сабаби ба ин унвон сазовор нашуданашро шарҳ диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 18 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 120 нафар мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид, ки дар байни онҳо 2 нависандаи тоҷик Бахтиёр Муртазоев ва Маъруф Бобоҷон бо унвони “Нависандаи халқии Тоҷикистон” мушарраф шуданд.
Хадамоти матбуотии президент навишут, ки ин қадрдонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, супорида шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста