Имсол, раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Дар ин бора, аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки имсол, “Дарси сулҳ” ё оғози соли нави таҳсил, рӯзи чоршанбеи 1-уми сентябр баргузор мешавад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанберо расман оғоз намояд.

- Сараввал Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гимназияи мазкурро мавриди истифода қарор дода, баъдан бо омӯзгорон ва хонандагони ин муассиса мулоқот мекунанд,-гуфт манбаъи мо.

Гуфта мешавад, ки то ба ҳол шумораи ниҳоии кӯдаконе, ки имсол, ба синфи 1 мераванд, маълум нест ва то аввали сентябр қабули хонандагон ба мактабҳо идома хоҳад ёфт.

Ҳамасола 1-уми сентябр дар Тоҷикистон бо "Дарси сулҳ" оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунанд. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.