Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар имсол 240 ҳазор нафар ба синфи 1 мераванд. Ҳамчунин аз ин ниҳод гуфтанд, ки ба фарқ аз солҳои пешин, имсол “Дарси сулҳ” тариқи телевизионҳои кишвар ба таври зинда нашр намешавад.
Тавре гуфта мешавад, пагоҳ, 1 сентябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Дарси сулҳ”-ро дар Гимназияи № 4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе мегузаронад.
- “Рӯзи дониш” фавран бо дарсҳо оғоз мешавад, на аз тамошои оммавии пахши мустақими телевизионӣ дар муассисаҳоии таълимии кишвар. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Гимназияи рақами 4 -и шаҳри Душанбе ширкат карда, бо омӯзгорон ва хонандагони мактаб мулоқот хоҳад кард", - гуфт манбаъи мо.
Ба гуфтаи манбаъ, имсол тибқи маълумоти пешакӣ тақрибан 240 ҳазор кӯдак ба синфи 1 мераванд.
Ҳамасола 1 сентябр дар Тоҷикистон бо "Дарси сулҳ" оғоз меёбад. Дар ин дарс устодону шогирдон суханронии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз яке аз мактабҳои тозабунёдшуда нашр мешуд, тариқи телевизионҳо гӯш мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста