Рӯзҳои 7 ва 9 уми сентябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд паради ҳарбӣ ва гузашти оммавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон доир мешавад, ки дар ин рӯзҳо бархе аз хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд баста мешавад. Гуфта мешавад дар ин раҳпаймоиҳо ҳудуди 30 ҳазор нафар роҳпаймоӣ мекунанд.
Ин паради ҷашнӣ дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд доир мешавад ва ба ин муносибат Бозраси давлати автомобилӣ эълом кард, ки роҳҳо баста мешаванд.
Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд чанд лаҳза пештар бо интишори эъломи роҳбандӣ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои зикршуда тариқи кӯчаҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд.
Ин ниҳод гуфтааст рӯзҳои 7 ва 9-уми сентябр роҳи кӯчаҳои Раҳмон Набиев, Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандӣ аз кӯчаи Гагарин (назди пули ҷашнӣ) то Исмоили Сомонӣ ва аз мавзеи Фабрикаи корҳои хонагӣ то кӯчаи Раҳим Ҷалил ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз субҳи соати 05:00 то анҷоми чорабинӣ муваққатан манъ мегардад.
Дар ҳамин ҳол аз маъмурияти ҳукумати Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пагоҳ рӯзи 7-уми сентябр дар назди бинои ҳукумати вилоят паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлол доир мешавад ва дар он беш аз 10 ҳазор низомиён роҳпаймоӣ мекунанд.

Инчунин рӯзи 9-уми сентябр бахшида ба ин ҷашн дар назар аст дар назди бинои ҳукумати вилояти Суғд гузашти оммавӣ доир мешавад, ки дар он бино ба иттилои манбаъ ҳудуди 20 ҳазор нафар кормандони ниҳоду сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ роҳпаймоӣ мекунанд. Гуфта мешавад дар ин рӯз ҳар як ниҳоду сохтор дастоварди 30 соли фаъолияти худро зимни роҳпаймоӣ муаррифӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста