Давоми як ҳафтаи охир нархи як халта орди навъи якум дар бозорҳои вилояти Суғд якбора 20 сомонӣ боло рафт. Корхонаҳои истеҳсоли орд сабаби инро ба гарон шудани нархи гандуми воридотӣ аз Қазоқистон маънидод мекунанд.
Нархи як халта орд дар бозорҳои вилояти Суғд давоми ду се рӯзи охир якбора аз 240 сомонӣ то ба 260-265 сомонӣ боло рафтааст. Фурӯшандагони ин навъи маводи ғизоӣ мегӯянд, болоравии қимати орд аз 19-уми сентябр ба ин тараф мушоҳида мешавад.
Салим, фурӯшандаи орд дар яке аз бозорҳои Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як ҳафта пеш як халтаи ордро аз корхонаҳои истеҳсолӣ ба қимати то 237 сомонӣ мехарид, вале аз санаи 19-уми сентябр ба ин тараф ба қимати 258 сомонӣ харида истодааст.
- Нархи орд давоми як ҳафта ду маротиба боло рафт. Аввал 11 сомонӣ ва се рӯз пештар 12 сомонӣ барои як халта қимат шуд. Мо як ҳафта пеш як халта орди навъи якумро бо нархи 240-245 сомонӣ мефурӯхтем, ҳоло бошад, қимати он 260-265 сомонӣ шуд. Баъди он ки нархи сӯзишворӣ боло рафт, ронандагон, ки пештар 30 халта ордро ба маблағи 40 сомонӣ меоварданд ҳоло ба маблағи 60 сомонӣ оварда истодаанд,- гуфт Салим.
Дар ҳамин ҳол корхонаҳои истеҳсолӣ болоравии нархи ордро дар бозор ба гарон шудани гандуми воридотӣ аз Қазоқистон вобаста карданд.
Бахтиёр Юсупов, сармуҳосиби корхонаи “Хубҷамъ Инвест”, яке аз шохаҳои бузургтарин корхонаи истеҳсоли орд маъруф бо ном “Фаровон”, сабаби боло рафтани арзиши ордро ба гарон шудани нархи гандуми воридотӣ аз Қазоқистон рабт дод. Ӯ гуфт ба далели хушксолии тобистони имсола дар Қазоқистон ҳосили ғалла дар ин кишвар камчин ва якбора нархи гандуми воридотӣ боло рафта истодааст.
- Як моҳ пеш мо як тонна гандумро вобаста ба сифат ва навъаш аз Қазоқистон бо нархи 230, 240 то 245 доллар ворид мекардем. Дар ҳамин шабу рӯз нархи як тонна гандуми воридотӣ 285 доллар шуд, ки назар ба як моҳи пеш 40 доллар боло рафт, - шарҳ дод Юсупов.
Ӯ гуфт як халта орди навъи якумро аз худи корхона ба фурӯшандагон бо нархи 255 сомонӣ фурӯхта истодаанд.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар мавриди болоравии бесобиқаи нархи орд ва сабабҳои он ба ҳукумат ва Раёсати инҳисорӣ нома ирсол кардаанд.
Ба иттилои бахши иқтисодии ҳукумати вилояти Суғд, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба ин вилоят 582 ҳазор тонна ғалла ва 30 ҳазору 761 тонна орд ворид шудааст.
Ба Тоҷикистон умдатан наздики 94 дарсади гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста