Давоми ду рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳри Хоруғ маҳдуд мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки айни замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо қарор дошта, имрӯз дар маросимҳои ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва намоиши театришуда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи марказӣ иштирок мекунад.

“Роҳҳо дар кӯчаҳои маркази шаҳри Хоруғ имрӯз аз соати 11:30 то 21:00 ва пагоҳ, 30 сентябр - аз субҳи барвақт то соати 12-и рӯз баста мешаванд”, - гуфт манбаъ.

Мақомоти ҳокимияти давлати ВМКБ аз сокинони маҳаллӣ дархост кардаанд, ки дар вақти зикршуда мувофиқи имконият аз воситаи нақлиёт истифода накунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.