Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта зиёда аз 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ ба 85 млн сомонӣ (7,5 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 44% камтар аст.
Соли гузашта пас аз паҳншавии COVID-19 афзоиши қарзи корфармоҳо назди коргарони кироя аз 46,2 млн сомонӣ дар аввали соли 2020 то ба 85 млн сомонӣ дар охири сол расида буд.
Тамоили коҳиши ҳаҷми қарз аз маош аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, айни замон қариб дар сатҳи то пандемия қарор дорад.
“Камшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар ҳамаи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеӣ ба қайд гирифта шудааст, ба ғайр аз соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа”, - зикр мекунанд дар Агентии омор.
Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок - 14,4 млн сомонӣ (30,2% аз ҳаҷми умумӣ), саноати коркард - 12,4 млн сомонӣ (26,0%) ва сохтмон - 6,8 млн сомонӣ (14,2%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар бахши хизматрасонӣ қарз асосан аз ҳисоби камшавии он дар соҳаи санъат коҳиш ёфтааст.
Қарзи аз ҳама зиёдтар дар бахши хизматрасонӣ айни замон ба нақлиёт ва нигаҳдории бор - 7,5 млн сомонӣ (15,8% аз ҳаҷми умумӣ дар бахши хизматрасонӣ) рост меояд.
Қарздорони асосӣ
Қарзи умумӣ аз пардохти музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1 июни соли равон 57 млн 713 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии 28 июл вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода. Ӯ зикр кард, ки дар саросари кишвар корфармоён дар маҷмӯъ ба зиёда аз 14 ҳазор нафар кормандон аз пардохти музди меҳнат қарздоранд.
Ба кормандони худ 75 корхона ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ қарздоранд. “Қарздорони асосӣ аз маош корхонаҳои бузурги саноатӣ мебошанд. Барои давра ба давра бартараф намудани қарздорӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд”, - иброз дошт Амонзода.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, қарздорони асосӣ аз пардохти музди меҳнат ҶСК «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, КВД «Ширкати алюминии тоҷик”, ҶСК «Тоҷик Эйр» - 5,5 млн ва ҶСК «Сохтмони НБО Роғун” мебошанд.
Дар даҳгонаи қарздорони бузург он замон ҶСК «Азот», ҶДММ «Талко Кемикал», ҶСК «Тамохуш», ҶСК «Тоҷикнақбсоз», ҶДММ «Биносоз» ва КВД «Кони ангишти Назарайлоқ” - 573,2 ҳазор сомонӣ низ қарор доштанд.
Дар куҷо чӣ қадар маош пардохт мекунанд?
Музди меҳнати номиналӣ ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти расмӣ, 1668 (147 доллар) ва ҳадди ақал - 400 сомонӣ (35 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса, дар Қирғизистон музди меҳнати миёна ба 220 доллар, Ӯзбекистон - 230 доллар, Туркманистон - 235 доллар ва Қазоқистон - 470 доллар баробар аст.
Музди меҳнати нисбатан баланд дар Тоҷикистон ба кормандони бонкҳо ва ширкатҳои суғурта пардохт мешавад, ки маоши миёнаи онҳо 4545 сомонӣ (402 долаар)-ро ташкил медиҳад.
Музди меҳнати нисбатан пасттарро кормандони бахши кишоварзӣ мегиранд, ки ба 597 сомонӣ (53 доллар) баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷаррроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста