Дирӯз, 30 сентябр, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии доктори илмҳои таърих, профессор Мансур Бобохонов Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ баргузор гардид, ки дар кори он маъмурият ва устодони ДМТ, ДСРТ, донишҷӯён, шогирдон, ҳамкорон, дӯстон ва наздикони эшон ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар конфронс гуфта шуд, ки саҳми профессор Бобохонов дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон бисёр бузург аст ва ӯ яке аз ташаббускорони дар барномаҳои таълимӣ ҷорӣ шудани фанни нав – “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” аст. Китобҳо ва барномаҳои дарсии нахустини ин фан низ бо забонҳои тоҷикиву русӣ аз ҷониби худи профессор таҳия шудаанд.

Зикр гардид, ки ифтитоҳи “Маркази омӯзиши тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳон” дар ДМТ самараи кӯшишҳои чандинсолаи профессор ва яке аз хизматҳои шоистаи ӯ дар омӯзиши таърихи тоҷикон аст.


“Муҳим будани омӯзиши ин мавзӯъро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад. Ва тасодуф нест, ки барои саҳм дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон профессор Мансур Бобохонов аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дӯстӣ» мушарраф гардид. Бобохонов аз аввалин таърихнигороне аст, ки ба мардум мавзӯи тоҷикони ҷаҳонро ошно намуд”,- қайд намуд декани факултети таърихи ДМТ Раҳмоналӣ Шарифов.

Мавсуф дар суханронии худ изҳори итминон кард, ки ҳаёту эҷодиёти пурмаҳсули Бобохонов, хизматҳои беғаразонаи ӯ ба мардум барои донишҷӯён намунаи ибрат шуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи дониш ва хизмат ба халқу ватан раҳнамун месозад.


Сардори Раёсати таълими ДМТ Рустам Наботӣ баргузории конфронси мазкурро, ки дар ҳошияи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гузаронида мешавад, фоли нек унвон кард.

“Профессор Бобохонов дар саргаҳи бедории миллат қарор доштанд ва эшон дар ин самт бисёр хидматҳои арзишманд ва мондагор кардаанд. Маводҳои конфронси имрӯза ба чоп омода шудаанд ва ба наздикӣ ба шакли маҷмуа нашр мешаванд”, - иброз дошт Рустам Наботӣ.

Таърихшинос ва журналист, мудири кафедра Ҷонибеки Асрориён яке аз шогирдони профессор Бобохонов бо маърӯзаи “Мансур Бобхонов ҳамчун муаррих ва инсон” баромад карда, хотираҳои худро дар бораи устодаш нақл кард.

“Профессор аз аввалин шахсиятҳое буд, ки доктори илмҳои таърих шуд ва роҳбарии факултаи таърихи ДМТ-ро ба уҳда гирифт. Фаъолияти устодро метавон ба чанд қисм тақсим намуд: Нахуст ҳамчун муаррихе, ки таърихи синфи коргар - бедории тоҷикро омӯхта буданд. Давраи дигар, донанда ва муҳаққиқи таърихи тоҷикони ҷаҳон”,- гуфт Асрориён.

Профессор Ниёз Мирзоев дар мавриди барқарор кардани муносибатҳои илмии факултети таърих дар даврони роҳбарии Бобохонов бо донишгоҳҳо, институтҳои илмии хориҷа ва олимони ҷаҳонӣ ёдовар шуд ва зикр кард, ки эшон на танҳо бо тамоми кишварҳои ИДМ, балки бо кишварҳои Аврупову Амрико ҳам тавонистанд робитаҳои имлӣ барқарор кунанд.

Собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва яке аз шогирдони содиқи Мансур Бобохонов - Рашид Олимов дар баромади худ гуфт, фаъолияти илмии устодаш бо муносибати махсуси мушикофона ва навоварӣ аз дигар олимон фарқ мекунад.

“Ҳадафмандӣ, меҳнатдӯстӣ, алоқаҳои васеи илмӣ ва дустона ба профессор имконият дод, ки таърихи тоҷикони ҷаҳонро нависанд ва ин ҷаҳонро на танҳо барои худи тоҷикон, балки барои ҳамаи он шахсоне, ки таърих, забон, фарҳанг ва урфу одати мардуми моро меомӯхтанд, хубар ошно созанд",- гуфт Олимов.

Узви вобастаи АМИТ, таърихшинос, профессор Пирумшо Ҳайдаршоев нақши профессор Мансур Бобохоновро дар рушди таърихнигории миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ӯро дар қатори саршиностарин муҳаққиқони соҳа ҷой дод.

“Воқеияти замон олимро водор сохт, ки “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” - ро бинависад, ки дарвоқеъ он падидаи назаррас ҳисоб меёбад. Ин гувоҳи он буд, ки олим набзи замонро пурра эҳсос карда таълифоти илмии худро аз рӯи талабу зарурати замон мувофиқ медонад” ,- гуфт Ҳайдаршоев.

Мавсуф пешниҳод кард, ки осори илмии олим Бобохонов, ки барои худшиносии наслҳои имрӯзу фардои ҷумҳурӣ ниҳоят зарур аст, ба нашри тавзеҳоти зарурӣ пешкаши хонандагон гардад.


Яке аз шогирдони дигари Бобохонов - Амиршоҳ Ёрмаҳмадов дар бораи некиҳои Мансур Бобохонов дар ҳаққи шогирдон ва ҳамкоронаш ёдоварӣ шуд ва гуфт, дар замони Шӯравӣ таълифот дар бораи тоҷикони хориҷа  кори мушкил буд.

“Дар ҳеҷ куҷо – китобхонаҳо, китобҳо, ҳуҷҷатҳо маълумот набуд. Устод заҳмати зиёд кашида тавассути мактубҳои алоҳида аз тоҷикони бурунмарзӣ хоҳиш мекард, ки дар бораи тоҷикони минтақаашон маълумот диҳанд”, - қайд намуд ӯ.

Дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия Мунира Ҷамолова дар бораи мавқеи шаҳрвандии Мансур Бобохонов ва табодули он ба ояндагон, таъсис ва фаъолияти ояндаи “Маркази тоҷикони ҷаҳон” баромад кард. Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки худашон бояд тақозои таъсиси чунин марказҳо ва хостори ширкату баромад дар онҳо шаванд. Чунки он барои рушди минбаъдаи илмии онҳо замина мегузорад.

“Инъикоси зиндагиномаи Мансур Бобохонов дар барномаи “Чароғи дил” - и Радиои Тоҷикистон” маърӯзаи дигари конфронс буд. Онро мудири кафедраи факултети таърихи ДМТ Сабзаалӣ Асозода манзур намуда, дар бораи робитаи зичи Бобохонов бо Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик, инчунин матбуот изҳори назар кард.

Дар идомаи кори конфронс тахрихшиносон, устодони Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия ва дигар шогирдону дӯстон ва наздикон дар бораи хотироти худ аз Бобохонов ёдовар шуданд. Аз ҷумла, дотсенти факултети таърихи ДМТ Нозим Ҳакимов ва устоди ДСРТ Мунзифа Бобоҷонова дар бораи нақш ва мақоми Бобохонов дар рушди илми таърихшиносии тоҷик маъруза карданд.

1/7

Қайд гардид, ки се хислати Мансур Бобохонов барои шогирдон ва ҳамкорон намунаи ибрат аст: касбият, роҳбари кордону меҳрубон ва фарди иҷтимоӣ.

Садорати факултети таърих изҳори омодагӣ намуд, ки дар оянда синфхонаи профессор Мансур Бобохоновро таъсис диҳанд, то донишҷӯён ва наслҳои оянда аз осори пурмуҳтаво ва илмии эшон баҳравар шаванд.

Дар охир, наздикони Мансур Бобохонов суханронӣ карда, барои ташкили конфронси мазкур ба масъулин ва маърӯзачиён изҳори сипос намуданд ва гуфтанд, ки чорбании имрӯза гувоҳи муҳҳаббат ва эҳтироми шогирдон ва ҳамкорон нибаст ба Бобохонов аст.

 


Тарҷумаи ҳол

Мансур Бобохонов 28 августи соли 1931 таваллуд шуда, соли 1953 яке аз аввалин хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Баъди 5 сол ӯ нахуст рисолаи номзадӣ ва соли 1974 рисолаи докториашро ҳимоя кард.

Солҳои 1962-1965 ӯ ба ҳайси мудири кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда, аз соли 1965 то соли 1982 вазифаи декани факултаи таърихи Донишгоҳро ба уҳда дошт. Охири солҳои 90-уми асри гузашта М. Бобохоновро барои кор ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикиситон даъват карданд. Дар ин муассиса ӯ ба ҳайси профессори кафедраи таърих ва нахустин декани факултаи таъриху ҳуқуқ ва факултаи муносибатҳои байнулмилалӣ ифои вазифа намудааст.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фаъолияти илмии профессор Бобохонов марҳилаи нав оғоз гардид, ӯ ба омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон рӯ овард. Бо ташаббуси пофессор ин фан ба барномаи таълимии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ ворид гардид.

Бо талошҳои чандинсолаи худ М.Бобохонов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши тоҷикон ва форсизабони ҷаҳонро таъсис дод, ки роҳбари аввалинаш худаш буд. Муҳимияти омӯзиши ин мавзӯъро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст ва аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки бо қарори сарвари давлат, профессор Мансур Бобохонов бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ шуд.

Дар баробарӣ омӯзгорӣ ва корҳои ташкилӣ, профессор Бобохонов ҳамеша ба корҳои илмӣ машғул буд. Беш аз 400 кори илмӣ - монография, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва дигар маводи илмии муҳим ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Беш аз 20 сол хонандагони синфҳои 4-уми мактабҳои кишвари мо таърихи Тоҷикистонро аз рӯи китоби ӯ меомӯхтанд, ки ҳамроҳ бо Ф.П. Репа таълиф шуда, 8 маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ бознашр шудааст.

Барои саҳмгузорӣ дар рушди илми таърихнигорӣ Мансур Бобохонов ба унвони «Арбоби шоистаи Тоҷикистон» сазовор дониста шуда, узви вобастаи Академияи байнулмилалии илмҳои мактаби олӣ, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия интихоб шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.