Аз оғози соли равон дар вилояти Хатлон 75 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре ки аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки аз оғози сол барои сохтмон ва таъмири иншооти тиббӣ 54,9 млн сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, 75 иншооти низоми тандурустӣ – 5 беморхона, 5 дармонгоҳ, ки 4-тоаш дар деҳот сохта шудааст, 56 бунгоҳи тиббӣ, 4 коллеҷи тиббии хусусӣ, 3 дармонгоҳ (клиника)-и хусусӣ ва 1 маркази хусусии солимӣ мебошад.

“Бо вуҷуди чунин ҳаҷми сохтмон, то имрӯз 51 муассисаи тиббӣ бинои мустақили худро надорад ва дар ҷойҳои гуногун, аз ҷумла хонаву мактабҳо ҷойгир шудааст”, - изҳор дошт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ 11 шуъбаҳои сироятии беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.