Абдурозиқ, овозхони ҷавони тоҷик, дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Белград (Сербия) суруди Муборакшо Мирзошоев “Ай, ёрам биё”-ро сароид.
Дар саҳифаи расмии худ дар Instagram Абдурозиқ навори видеоиро аз чорабинии байнулмилалӣ бо ҳунарнамоиаш гузошт.
Ӯ бо забони туркӣ ҳам як суруд ба иҷро мерасонад.
Навори видео аз маросими кушодашавии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Белград
Овозхони ҷавони тоҷик дар як саҳна бо сарояндаи рус Олга Бузова ва актёри Сербияву Русия Милош Бикович ҳунарнамоӣ кард.
Ҳарчанд Абдурозиқи 16-сола дар солимиаш нуқс дошта, мисли кӯдаки 5-сола ба назар намояд ҳам, хеле хуб овозхонӣ мекунад ва натанҳо дар дохили кишвар писандида аст.
Ӯро тез-тез барои иштирок дар консерту чорабиниҳои гуногун ба хориҷи кишвар даъват мекунанд.
Ӯ дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла рэп бо забони тоҷикӣ сарояндагӣ мекунад. Дар муддати кӯтоҳ шумори зиёи корбарон ба саҳифаи инстаграми ӯ обуна шуда, наворҳои видеоии ҳунарнамоиашро зиёда аз 2 млн нафар тамошо мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.