Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон дар бораи хунукшавии ҳаво дар охири ҳамин ҳафта хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Кумита, рӯзҳои 4-5 ноябри соли равон дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баландиҳои бештар аз 200 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ҷойҳо барф ба шиддат меборад.

Гуфта мешавад, дар чанде аз ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.

“4 ноябри соли 2021 дамои ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. Рӯзҳои 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ туман мефарояд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ эҳтимол ҳавои торик мушкили диданро ба вуҷуд орад. Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд. Бахусус ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ эҳтиёт кунанд. Аз истифодаи бухориҳо низ баэҳтиёт бошанд, ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.  Кӯдакон танҳо ва беназорат гузошта нашаванд.

КҲФ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд, ҳангоми иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистонӣ, аз чаронидани чорво дар чарогоххои куҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд. Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳру кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ё ҳолати фавқулодда ба рақами 112  ва ё ба Қисми навбатдории  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: 223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.