Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург таксиронӣ мекарду бераҳмона кушта шуд, рӯзи 26 январ ба ватан фиристоданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар фиристодани ҷасад ба ватан консулгарии генералии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург мусоидат кардаанд. Ҷасад бо ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” фиристода шудааст.
Зикр шуд, ки барои тафтиши дақиқи ин куштор консулгарӣ мудом бо сохторҳои дахлдори Русия дар тамос аст.
Ёдрас мекунем, ки ҷасади таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуд. Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту дар қаламрави фурудгоҳ буд, қарор дошт.
Дар кадрҳои камераҳои навори видеоӣ сабт шудааст, ки то куштор дар автомашина чор нафар қарор доштаанд. Тибқи маълуомти пешакӣ, таксирон се нафар мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст. Дар мошин байни онҳо муноқиша сар зада, ба куштор меанҷомад. Дар дохили мошин корд пайдо шуд.
Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.
Тоҷикистонии кушташуда моҳи декабри соли 2021 бо мақсади дарёфти кор барои таъмини рӯзгораш ба Русия омада буд.
Сафорати Русия дар Тоҷикиситон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Як патент барои ду минтақа. Русия мехоҳад тартиби иҷозаи фаъолиятро дар Маскаву Санкт-Петербург ва атрофи онҳо тағйир диҳад
Нахустин парвоз дар масири Кеш-Душанбе-Кеш анҷом ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста