Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистон сару садоҳо дар бораи ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва берун андохтани аломати “Ъ”- ро аз алифбои забони тоҷикӣ рад кард.
Ӯ дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба тозагӣ аз сӯи ҳукумати кишвар тобистони соли гузашта қабул шуд ва “касе ҳақ надорад, ки ба он як ҳарф ва ё нуқтаву вергул илова кунад”.
Номбурда, ҳамчунин, баҳсҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи ҳазфи аломати “Ъ”-ро сӯйитафоҳум ва бардошти ғалати аз хабари нашркардаи сайти порлумони кишвар номид. Дар ҳоли ҳозир ин хабар аз сайти порлумон пок карда шудааст.
- Бо қарори ҳукумати кишвар Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ соли гузашта қабул шуд ва тағйироте дар имло дар назар нест. Гурӯҳи корӣ панҷ сол кор кард ва бо қарори ҳукумат имло тасдиқ шуд. Дигар роҳи бозгашт нест. Ҳамин имлои тасдиқшуда қобили истифода аст ва дигар ягон ҳарфу вергулу нуқтаашро касе ҳаққи иваз кардан надорад. Аломати “Ъ”- ро низ аз алифбои забони тоҷикӣ намебардорем, - гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Ӯ афзуд, онҳоро ба Маҷлиси намояндагон даъват карданд, ки Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикиро ба кормандонашон шарҳ диҳанд ва онҳо танҳо қоидаҳои нави имлоро шарҳу тафсир кардаанд.
- Мо танҳо шарҳу тафсир додем, ки дар асоси Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ҳарфҳо чунин навиштаву чунин хонда мешавад, тамом. Ҳарфе дар мавриди тағйиру табдил набуд, - гуфт раиси Кумитаи забон.

Ӯ дар робита ба бахши дигари масъала, ки дар мавриди баргардонидани ҳарфҳои иқтибосии русӣ ц, щ, ь, ы буд, гуфт, воқеан соли 2020 вақте лоиҳаи қоидаҳои имло баррасӣ мешуд аз ҷонби вазоратҳоии корҳои дохилӣ ва хориҷӣ чунин пешниҳодҳо шуд, вале он дар ниҳоят ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ворид нагардид.
- Яке аз вакилон савол дод, ки чунин пешниҳодҳо шуда буд ва шумо онро чӣ гуна баррасӣ кардед. Мо гуфтем, ин пешниҳодро гурӯҳи корӣ баррасӣ кард, вале онҳо ба қоидаҳои имло роҳ наёфтанд, - гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Дар ҳаимн ҳол, ду рӯз мешавад, дар сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар робита ба як хабари парлумони Тоҷикистон дар мавриди “номи ҳарфи “Ъ” ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ” баҳси тунде идома дорад ва корбарон даъво доранд, ки вакилони парлумон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ният доранд, ҳарфи “ъ”- ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазв кунанд.
Рӯзи 1 апрели соли равон палати поёнии парлумони Тоҷикистон хабари як семинар-машваратро бо иштироки роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳот нашр кард ва он баъди се рӯз ба шабакаи иҷтимоӣ роҳ ёфта, боиси баҳси тунд ва норозигии корбарон қарор гирифт.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар парлумон дар мавзӯи “Таҳлил ва омузиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ:- Қоидаҳои имлои забони тоҷики ва аломатҳои китобат» семианр-машварат баргузор гардид, ки дар он раиси кумитаи забон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар робита ба таҳияи лоиҳаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ маълумот дод.
Ӯ аз ҷумла, дар робита ба ҳарфи “Ъ”, ки имрӯз боиси баҳси гарм шудааст, зикр намуд, ки “ҳамчунин, дар лоиҳаи Қоидаҳои мазкур номи ҳарфи Ъ ва мавқеи он дар калимасозиву навиштор ба забони тоҷикӣ, ки то кунун мушкилӣ эҷод мекард, мавриди баррасӣ қарор гирифта, корбурди он мушаххасан нишон дода шуд”.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон бо ишора ба хабари нашршуда дар сойти порлумон, аз он нигаронӣ кардаанд, ки вакилони парлумон ва раёсати Кумитаи забон тасмим доранд, ки ҳарфи “Ъ”- ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазф кунанд, ки ин боиси ноҷурии калимаҳо ва дар маҷмӯъ, хилофи забони тоҷикӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, аз парлумони Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки вакилони тоҷик масъалаи берун кардани ҳарфи “Ъ”- ро дар алифбои забони тоҷикӣ баррасӣ накардаанд ва ин як семинари машваратӣ дар порлумон буд, ки тибқи нақша баргузор гардид.
- Парлумон дар доираи кумита нақшаи муҳокимаи парлумонӣ дорад ва ин навбат раиси Кумитаи забон ва истилоҳти назди ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Ӯ дар ин муҳокимаи парлумонӣ баромад кард ва мо хабарашро дар сомонаамон нашр кардем. Парлумон аз бардоштани ҳарфи “ъ” дар забони тоҷикӣ дахл надорад. Ин дар салоҳияти Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистон аст,- гуфтанд аз парлумони Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста