Дар ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба таъхир афтодани вақти парвози ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург - Душанберо рӯзи 4 июл соати 14:00 ба “сабаби корӣ” рабт доданд.
Рӯзи 4 июл парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург - Душанбе дар фурудгоҳи Колтсово ба таъхир афтод. Дар ширкати ҳавопаймоӣ инро “сабаби корӣ” шарҳ доданд.
“Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Екатеринбург - Душанбе рӯзи 4 июл бо тағйирот дар ҷадвали парвозҳо бо сабабҳои кории марбут ба интиқоли зойирин анҷом дода шуд. Ҳавопаймо соати 17:30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ парвоз кард”, - хабар доданд аз ширкат.
Қаблан зикр гардида буд, ки ширкати “Сомон Эйр” барои аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ интиқол додани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои маросими ҳаҷ бояд 23 парвоз анҷом диҳад.
Дар ҳамин ҳол, ширкат ҳамагӣ 4 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад, ки парвоз иҷро мекунанд. Ширкат ба 24 самт, аз ҷумла шаҳрҳои Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳад.
Дар робита ба камбуди ҳавопаймоҳо дар “Сомон Эйр”, “Азия-Плюс” аз ширкат дархост намуд, ки ба саволҳои зерин посух бигӯяд:
“Бигӯед, чаро шумо бо зиён ба мусофироне, ки ба дигар самтҳо сафар мекунанд, ба Макка парвозҳо анҷом медиҳед?”
“Сомон Эйр” ҷиҳати иҷрои парвозҳо барои зойирини Доғистон уҳдадор шуд. Чаро шумо ба иҷрои ин кор уҳдадор шудед, дар ҳоле ки шумори ҳавопаймоҳоятон хеле каманд?”
“Бо чор ҳавопаймо ширкат дар як рӯз чанд парвозҳо анҷом медиҳад?”
“Имрӯз барои ширкат чанд ҳавопаймо намерасад?”
Умедворем, ки дар фурсатҳои наздик посух дармеёбем.