Ин нашри барномаи Made in Tajikistan аз дигар нашрҳо фарқ мекунад. Ин дам на истеҳсолоти ватанӣ, балки хизматрасонии ватаниро ба шумо пешкаш мекунем! Вале ин ҳам моли ватанист ва ба қавле истеҳсоли худи ҳамватанони мост.

City Card – лоиҳае, ки чор сол мешавад дар Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Пардохти электронии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне тариқи корти пластикӣ. Низоми нав моҳи марти соли 2018 дар Душанбе ва ноябри 2020 дар Хуҷанд ҷорӣ шуд.

Вале то кадом андоза ин як таҷрибаи муваффақ шуд, кадом мушкилотро аз байн бурд, ва чаро ронандае ҳатто ҳамсари худро ҳамкасби худ кард? Меравем ва мебинем!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.