Дар соли 2022 беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, бо пардохти 60 ҳазору 520 сомонӣ ба Ҳаҷи умра рафтаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар хабар дод.
Номбурда гуфт, бозгашти охирин гурӯҳи зоирон ба ватан рӯзи 1 августи соли 2022 дар назар аст.
Давлатзода афзуд, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар 78 донишҷӯ ба таълими ғайрирасмии динӣ ҷалб гардидаанд.
Ӯ ҳамчунин, афзуд, ки аз ҷониби кумита дар ин давра, дар асоси 247 дархост 1359 номгӯй адабиёти динӣ ва 11441 адад варақа, ҳамагӣ дар ҳаҷми 306090 саҳифа, баробар ба 19130,62 ҷузъи чопӣ, инчунин 214 адад фита, 25 адад телефони мобилӣ, 3 адад флешкорт, 1 ноутбук ва 1 адад протсессори дорои 11341 адад сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дода шуд.
- Аз ин теъдод ба 152 дархост хулосаи манфӣ ва ба 95 дархост хулосаи мусбат дода шуд. Аз маводи мазкур ба 1261 номгӯй адабиёти динӣ, 9696 адад варақа, 88 адад фита, 14 адад телефони мобилӣ, 2 адад флешкорт, 1 адад ноутбук ва 1 адад протсессор хулосаи мусбат ва ба 98 номгӯй адабиёти динӣ, 1746 адад варақа, 127 адад фита, 11 адад телефони мобилӣ ва 1 адад флешкорт хулосаи манфӣ дода шуд, - гуфт раиси кумита
Роҳбари ин ниҳод афзуд, ки дар ин давра 11 ҳазору 348 рейд гузаронида шуда, 416 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи қонуни дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳолат зиёд мебошад.
- Дар шаҳри Душанбе 50 (дар шаш моҳи соли гузашта 34) ҳолат, ВМКБ 8 (дар шаш моҳи соли гузашта 15) ҳолат, вилояти Суғд 127 (дар шаш моҳи соли гузашта 103) ҳолат, вилояти Хатлон 165 (дар шаш моҳи соли гузашта 122) ҳолат ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 66 (дар шаш моҳи соли гузашта 84) ҳолати вайрон намудани қонуни танзим ошкор шудааст, - гуфт Давлатзода.
Ӯ гуфт, дар байни онҳое ки қонуни танзимро вайрон кардаанд, мансабдорон низ ҳастанд, вале бо вуҷуди пойфишории журналистон аз шахсони мушаххаси мансабдор ном набурд.
Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ ва 3 ҷамоатхона, дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста