Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши хатари гирифторӣ ба гепатити вирусии А дар миёни кӯдакон хабар медиҳад. Аммо ниҳоди мазкур мегӯяд, ин беморӣ мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест.
Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ҳоло ҳолатҳои сирояти бемории гепатит А дар байни бачагони аз 3 то 14-солае, ки ба мактабхо ва боғча мераванд ба қайд гирифта мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ин як бемории мавсимӣ аст ва ҷойи нигроние вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, «сироят асосан тавассути ғизо ва оби олуда ба вуҷуд меояд ва ба ин далел, хатари сироятёбии кӯдаконе, ки ба боғча ва мактаб мераванд, зиёд аст».
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар соли 2022 эпидемияи ин беморӣ дар кишвар дар назар нест. Инчунин, илова кард, ки дар Тоҷикистон кӯдакон зидди гепатити А эм намешаванд, зеро ба он танҳо тибқи нишондодҳои эпидемиявӣ муроҷиат мекунанд.
«Ваксина зиди бемории гепотит А дар тақвими миллии эмгузаронии пешгирикунанда дар Тоҷикистон қайд нашудааст. Азбаски ин сирояти рӯда аст ва агар гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад, шахс метавонад бемор нашавад. Дар мо беморон кам буда, аз ин рӯ, ваксина ба тақвим ворид нашудааст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ҷаъфаров ёдовар шуд, ки солҳои гузашта, ки дар бархе аз манотиқи кишвар ба далели дастрасӣ ба оби тоза теъдоди беморон афзоиш ёфта, ҳудуди 20-25 ҳазор нафарро ташкил медод, ду маротиба алайҳи гепатит А беморон эм карда шуданд.
«Ин ваксинаро худи Вазорати тандурустӣ харидорӣ намуд. Ва вақте ки дар тақвим чунин ваксина вуҷуд надорад, пас арзиши он хеле баландтар аст. Ҳоло бошад, хариданро бас кардем, зеро беморон каманд”, - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 5 то 15-уми сенятбр, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рашту Нуробод давраи эмгузаронии ройгон бар зидди бемории гузарандаи сурхча ва гулафшон баргузор гардид.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста