Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 17-уми октябр, як қатор иншоотро дар пойтахти кишвар ба истифода доданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҷумла, роҳбари давлат ва раиси пойтахт имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ фитнес-клуби инноватсионии «Крокус фитнес»-ро ифтитоҳ намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин маҷмаа беш аз 2500 нафар метавонанд бо намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд ва ба онҳо мураббиёни ботаҷрибаву таҳсилдида машғулият мегузаронанд.
«Крокус фитнес» дорои се ҳавзи муосири шиноварӣ буда, варзишгарони касбӣ низ метавонанд дар ҳавзи калон машқ кунанд. Инчунин, бо назардошти меъёрҳои санитарӣ ҳавзи алоҳида барои занон ва ҳавзи махсус барои кӯдакон сохта шуд.
Дар дохили фитнес-клуби инноватсионӣ як толори васеи замонавӣ барои машқҳои омехта мавҷуд аст, ки дар он варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим метавонанд бо бокс, муҳорибаҳои омехта, гӯштин, гимнастика тамрин кунанд.
Гуфта мешавад, ки «дар маҷмуъ масоҳати бинои «Крокус фитнес» 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар дохили он ду толори барҳавову замонавӣ барои машғулшавӣ ба фитнес бунёд гардида, барои занон алоҳида толор ва барои мардон дар алоҳидагӣ фитнес-толорҳо ташкил гардидааст. Танҳо дар дохили толори мардона 40 адад дастгоҳҳои машқу тамрини бадан насб гардида, бо варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим мутахассисони касбӣ машғулият мегузаронанд».
Вижагии дигари фитнес-клуб дар он аст, ки дар дохили он бахши алоҳидаи «вела тринажор» ташкил гардида, машғулиятҳо дар он аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои инноватсионӣ гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар клуби мазкур таҷҳизоти комилан насли нави соҳавӣ васл гардида, онҳо аз маъруфтарин ширкати амрикоӣ харидорӣ шудаанд, ки ин имконият медиҳад хоҳишмандон дар фазои мусоиду мувофиқ ба талаботҳои байналмилалӣ тамрин намоянд.
Дар таҳхонаи иншооти мазкур СПА-салон ташкил гардида, барои бонувон хизматрасониҳои гуногун вобаста ба нигоҳдории зебогии пусту рӯй, хизматрасониҳои касметологӣ ва навъҳои маҳс пешниҳод карда мешавад.
Шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд, ки аз фаъолияти ҳамоми туркӣ, буғи хушк, саунаи финнӣ, ҳуҷраи барфӣ, саунаи русӣ ва саунае, ки намаки дохили он аз Ҳимолой оварда шудааст истифода баранд ва ин имконият барои бонувон ва барои мардон дар алоҳидагӣ фароҳам мебошад.
Дар Клуби инноватсионӣ ва фитнеси “Крокус фитнес” бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд, ки ҳамаи онҳо давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомӯзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буд, гузаштаанд.
Тарабхонаи бразилии “Латина-Душанбе” (Latina-Dushanbe) бошад, дар маҳалли хушбоду ҳавои соҳили “Кули ҷавонон” қомат афрохта, ба хотири ба мизоҷон расондани хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ ва пешниҳод кардани таъомҳои наву гуногуни болаззат бо бренди ширкати машҳури бразилиягӣ, сохта шудааст.
Соҳибкорон дар баробари бунёди иншооти муосири маишию хизматрасонӣ ба масъалаи таъсис ва таъмини ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Дар тарабхона 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими гармо 10 нафар пешхизмат ба шуғли муваққатӣ фаро гирифта мешавад.
Дар қисмати дарунӣ ва берунии тарабхона дар маҷмуъ барои дар як вақт ба 250 нафар хизмат расондан, ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Тарабхона аз дигар марказҳои маишию хизматрасонӣ бо тарҳи нодир ва тарзи нави пешниҳоди сихкабобҳову хуришҳои гуногун фарқ мекунад. Ороиши зебои толори бино, истифодаи ашёҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мусиқии форам иқлими гарми кишвари бразилияро бозгӯ аст.
Иншоот бо лоиҳаи “франшиза”, яъне дар асоси шартнома истифода бурдани бренди машҳури хориҷӣ ва технологияи он бунёд гардидааст. Барои пеш бурдани кори тарабхона ва пухтани таъомҳои гуногун шаҳрванди кишвари Бразилия ҷалб гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ошпазҳо ва кадбонуҳои тоҷик ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар тарабхонаи "Латино-Душанбе, ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ нахустин мебошад, 110 намуд хурок тайёр ва ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.
Атрофи тарабхона барои ҷалби ҳар чӣ бештари меҳмонони дохилӣ ва назаррабо гардонидан бо дарахтони нодири ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар оварда шудааст, оро ёфтааст.
Дар фасли гармо имкон аст, ки дар ҳудуди тарабхона ва лаби соҳили кул зери чатрҳои сафед ба меҳмонон таомҳои лазиз ва дигар хизматрасониҳо пешкаш гардад.
Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар шароити муосир ва дар ҳолати афзоиши шумораи сайёҳону меҳмонони пойтахт, фаъолияти чунин иншооти муосир ба талабот ҷавобгӯ хоҳад буд. Ин як навъ муаррифии сатҳи баланди меҳмоннавозии бою қадимаи тоҷикона аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароит ва сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхона ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати обод кардани як гушаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуданд.
Маросими ифтитоҳи расмии тарабхонаи бразилягии "Латино -Душанбе" рӯзи 22 октябр бо доир кардани шоу-барномаи рангини бразилиягӣ, баргузор мегардад.




Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста