Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронии имрӯзааш бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак аз маҳдудияти интиқоли барқ ё “лимит” дар кишвар ҳарф задааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст”.
Ҳамин тавр, раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, имрӯзҳо “бисёр кишварҳои оламро буҳрони энергетикӣ фаро гирифтааст ва ҳатто баъзе давлатҳои хеле пешрафта низоми маҳдуди интиқоли барқ, гармӣ ва сӯзишвориро барои мардуми худ ҷорӣ карда истодаанд”.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як оила ва ташкилоту муассисаҳои кишвар хостааст, дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода намоянд.
Бояд гуфт, қариб ҳар сол ширкати “Барқи тоҷик” аз корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар мавсими тирамоҳ ва зимистон хабар медиҳад ва “лимит”-и барқро ҷорӣ менамоянд.
Ҳамин тавр “Барқи тоҷик” ҳар дафъа мегӯяд, ки “дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ гузаронида мешавад”.
Бо ин сабаб, соли равон низ аз охири моҳи сентябр дар минтақаҳои гуногуни кишвар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд гардид.




Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2026
Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста