Дар ноҳияи Роштқалъа  галаи гургон ба як рамаи сокинони маҳаллӣ ҳамла карда, 28 сар чорвои хурдро  даридаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 11 декабри соли 2022 тахминан соати 15:16 дар қаламрави деҳаи Сежди наздикии Девлохи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ рух додааст.

Ин ниҳод бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ба сокинони деҳоти муқими ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки чорворо беназорат нагузоранд ва  чорвочаронӣ танҳо дар ҳавои рӯшан ва зери назорати ҳамешагии чӯпон бояд сурат гирад.

“Ин чӯпон бояд ҳатман бо худ воситаҳои ҳимоявӣ ва тарсдиҳандаи дарандагонро дошта бошад. Шабона молҳо бояд ҳатман дар оғилхонаҳое, ки амнияти онҳоро таъмин мекунанд, ҷобаҷо карда шаванд”, - гуфтааст КҲФ.

Масъулини ин ниҳод афзудаанд, ки оғилхонаҳо, молхонаҳо, говхонаҳое, ки дар деҳоти кӯҳӣ ва ё дар канори деҳаҳо ҷойгир шудаанд, бояд бо турҳо ва ё девори на пасттар аз 2,5 метр иҳота шуда бошанд. 

Ба таъкиди онҳо, девор бояд ҳайвонотро аз вуруди паланги барфӣ ё хирс боэътимод муҳофизат кунад. Ба бошишгоҳҳои саҳроии тобистонии чорво диққати махсус додан лозим аст — онҳо бояд шабона муҳофизат карда шаванд. Бояд аз ҳама гуна воситаҳои тарсонидани паланги барфӣ истифода кард.

Ҳамчунин, ҳама ҷасади ҳайвоноте, ки дарандагон даридаанд, бояд аз роҳи сӯзонидан нобуд карда шавад. Хӯрдани гӯшти ин ҳайвонот номумкин аст, чун метавонад боиси сирояти ҳар гуна касалиҳо, аз ҷумла бемории ҳорӣ шавад

“Дар шикорхонаҳо, дар бошишгоҳҳои тобистонии чорво ва оғилхона сагҳои хонагӣ бояд бечунучаро дар банд бошанд. Дар ин ҳолат, сагҳо бояд аз ҳамлаҳои эҳтимолии паланг муҳофизат карда шаванд. Ба ин максад барои сагҳо паноҳгоҳҳо сохтан лозим аст, ҷойе бояд сохт, ки вуруди паланги барфӣ номумкин бошад”, - гуфтааст КҲФ.

Ҳамзамон, манзили он сокиноне, ки дар канораҳои деҳаҳо ҷойгир шудаанд, бояд бо деворҳои бештар аз 2,5 метр иҳота шуда бошанд, то паланги барфӣ ва гургу ҳайвони дигари даранда имкони вуруд ба он надошта бошад. 

Маслиҳати КҲФ барои эмин мондан аз ҳамлаи гургон ба инсон дар шароити Тоҷикистон.

Бо ишора ба он ки беш аз 90 дарсади Тоҷикистон мавзеи кӯҳистон аст, ҳамлаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ба рама ва дар баъзе ҳолатҳо ба хонаву худи аҳолии кӯҳӣ зиёд ба назар мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.